МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мустаҳкамии сарҳад кафолати осудагӣ мебошад

Мустаҳкамии сарҳад кафолати осудагӣ мебошад

Мустаҳкамии сарҳад кафолати осудагӣ мебошад Ҳар як давлате, ки хатти сарҳад дорад чи дар замин ҳаво ва об ҳатто тариқи зери замин ҳимоя карда мешавад. Мустаҳкамии марз давлатро осуда нигоҳ дошта аҳолии он худро соҳибдавлат мешуморанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо бо талошҳои созанда амал намуда дар соҳаи ҳарбӣ ба дастовардҳои нодир ноил гардидаем. Ҳангоми чорабиниҳои ҷашнӣ тамоми нақлиётҳои ҳарбӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд. Давлати мо кишварест, ки дар муносибатҳои дипломатӣ ва байнисарҳадӣ бо азму талоши сулҳҷуёна фаъолият мебарад. Давлати мо бо тамоми давлатҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстона дошта ва ин робитаҳоро ба дигар давлатҳои байналмилалӣ таблиғу ташвиқ менамояд. Дар тамоми давру замон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва зиёд намудани ҳиссӣ ватандӯстӣ ба насли навраси худ доимо тарғибу ташвиқи ватандорӣ ва ҳимояи онро менамоем. Сокинони кишвари мо амният ва тинҷиву оромиро беҳтарин неъмат мешуморанд. Сафархони М-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-03-2020, 14:58:01 | Диданд: 297