МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо бояд пешгирӣ намоему сарҷамъ шавем.

Мо бояд пешгирӣ намоему сарҷамъ шавем.

Мо бояд пешгирӣ намоему сарҷамъ шавем . Баъди чоп шудани матлаб дар сомонаи иттилотти “Радиои Озодӣ” дар мавриди аз бемории шуш фавтидани як шаҳрванди вилояти Суғд ва ба карантин гирифтани ин беморхона мардум ба таҳлука афтода бештари шаҳрвандон дар пешниҳоди фикрҳояшон ин ё он нафарро гунаҳкор кардани шуданд. Дар ин маврид ҳамчун хонанда мехоҳам нуқтаи назари худро дошта бошам. Дар ҳақиқат ин бемори хатарнок ва ба беморие мубадал шудааст, ки аҳолии курраи саёраро ба ташвиш овардааст. Дар тамоми кишварҳои тараққиёфта маҳдудиятҳо роҳандозӣ шудаасту шаҳрвандон аз хона намебароянд. Дар кишвари мо низ корҳои пешгирӣ рафта истодаасту шаҳрвандон бояд масъулияти тозагиро ба ӯҳда гиранд. Ҳарчанд, ки садҳо варақаҳои иттилоотӣ оиди алоқаи наздик ҳатто салом накардан гузоштаем вале мардум боз ҳамоно аз руи одати пешина салом мекунанд бо дасту аз наздик суҳбат мекунанд. Дар кишварҳои хориҷ мардум хабари расонаҳои давлатиро гуш медиҳанду иҷро мекунанд дар мо бошанд бештар ба овозаҳо. Аз ин лиҳоз ман аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба овозаҳо бовар накунанду қоидаҳои тозагиро риоя намуда худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд. Дар шароити кунуни аз сафар ба дигар ҷойҳо худдорӣ намуда, дар ҷойҳои серодам бе зарурият нараванд. Саломатии мо дар дасти худи мост. Сафархони Муҳаббат корманди КИ ҲХДТ дар ноҳия

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-04-2020, 09:18:38 | Диданд: 301