МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагист.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагист.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагист . Вақте, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудам ва бори нахуст ба қисми низоми даромадам вуҷудамро эҳсос фаро гирифта, худро хушҳол меҳисобидам, ки ман имрӯз сарбозам. Падарам дар вақти сӯҳбат насиҳат мекард, ки замони Шӯрави берун аз хоки ватан дар давлатҳои хориҷ хизмати ҳарбиро ба ҷо овардааст. Вақте, ки ман дар кишвари азизи худ дар қисми низомӣ будам ҳама бо забони модариам сӯҳбат мекарданд афсарон ба мо писарам гуфта насиҳат мекарданду дарсҳои ҳарбӣ меомӯзониданд албатта ифтихори мо буд, ки мо насли замони соҳибистиқлолӣ дар ватани аҷдодии хеш хизмат мекунем. Лаҳзаҳое аз хотирам намеравад, ки устодам дар вақти дарс гуфта буд вақти шабона шумо навбатдор ё посбон меистед Шумо дарк намоед, ки хона, не балки кишвари худро аз душман ва шахси нохалаф ҳимоя мекунед. Вақте, ки ту бедор нигаҳбонӣ мекуни садҳо нафар осуда хоб мекунанд, ки сарбозони мо имрӯз Ватанро ҳимоя мекунанд. Ин эҳсоси гарми ватандорӣ дар қалби ман меҳри меҳанро рӯз аз рӯз бештар менамуд. Сад шукр ки хӯрок ва таомҳое, ки дар вақти хизмат мехӯрдам беҳтарин ғизо буданд ва шароити зисту зиндагиамон олӣ буд. Доимо бо дӯстонам мешинаму ҳарф мезанам мегӯям, ки нафаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меорад ӯ мактаби мардонагиро хатм менамояд. Дар фарҷом қайд менамоям, ки мо ҷавонон бо дарки баланди масъулияти хештаншиносӣ ҳатман даъвати ҳарбиро пазируфта бо сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, хизмати ҳарбиро адо намоем. Тоиров Х-сокини ноҳияи Восеъ, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳия

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-04-2020, 09:19:36 | Диданд: 319