МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳаммаслакии созмони байналхалқӣ ва гурӯҳи ифротӣ

Ҳаммаслакии созмони байналхалқӣ ва гурӯҳи ифротӣ

Терроризм ва экстремизми динӣ ба унвони даҳшатафканӣ ё ҳаросафканӣ ёд мешавад ва ба ҳар гуна амалкарду таҳдид барои тарсонидану осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ равона мегардад. Терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни олам доман густурдааст, ки барои амнияти ҷамъияти ҳар давлату миллат воқеан таҳдид пеш меорад. Дар ҳар гӯшаю канори олам фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор хушдор медиҳад. Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад. Аммо, баръакс ҷонибдорӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолияти онро густурдатар мегардонад. Дар арсаи байналмилалӣ созмонҳои байналхалқӣ аз қабили HRW, NHC, AHRCA, ONCHR аз фаъолияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷонибдорӣ меанмоянд, ки боиси таассуф мегардад. Натиҷаҳои амалкарди онҳо самти мубориза бо терроризмро норӯшан мекунад. Дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъӣ дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ, ки дар марзи асрҳо хислати оммавӣ пайдо кардааст, натиҷаи он аст, ки ин мубориза то ҳол аз ҷониби баъзе созмонҳои байналхалқӣ ҷиддӣ гирфта нашудааст ва танҳо давлатҳои алоҳидае онро амалӣ мегардонанд. Аз ин рӯ, ин созмонҳо дар самти таҳия ва татбиқи амалии барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризм ва экстремизм бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаанд ва онро нодида мегиранд. Дар ҳоле ки ТЭТ ҲНИТ чи дар гузашта ва чи имрӯз фаъолияти тахрибкорона доштаву дар мубориза бо он саҳлангории созмонҳои ҷаҳонӣ намудор мегардад. Аммо барои пиёда намудани ҳадафҳои худ аз ТЭТ ҲНИТ бо усулҳои низомӣ ва ғайринизомӣ низ истифода мекунанд.

Возеҳ аст, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бо хислати даҳшатафканӣ ва қатлу куштор ба як қатор омилҳои айнӣ бо терроризм ва экстремизм иртиботи ногусастанӣ дошт ва ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузошт ва бевосита иштирокчии амалиёти террористӣ - экстремистӣ буд. ҲНИТ амалҳои тахрибкоронаро вусъат бахшида, бархӯрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабиро ба вуҷуд овард ва дар ин замина роҳ сӯйи ифротгароӣ кушод. Дар асл, терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Вале Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз номи дину мазҳаб истифода карда, кӯшишҳои бо ҳам тавъам донистани терроризм бо дину мазҳабро ба манфиати террористон роҳандозӣ менамояд.

Ҳамзамон, ТЭТ ҲНИТ пайроҳаи бадном сохтани дини мубини Ислом ҳамчун доираи ғараздори сиёсӣ гардидааст. Аз ин рӯ, комилан зарур аст, то олами ислом ва ходимони бонуфузи динӣ садои маҳкумсозандаеро бар зидди терроризми динӣ дар мисоли ҲНИТ дар дохили мамлакат ва берун аз он ба таври возеҳ баён доранд, ки дарси ибрат барои умум гардад. Дар ин росто, ибтикори созмонҳои номбаршуда оид ба фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар мубориза бо терроризм на қобили таваҷҷуҳ ва шоистаи пуштибонист, балки мояи шармсорӣ ва хиҷолат аст.

Азбаски терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мубориза алайҳи он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Ҳол он ки бе ин гуна ваҳдати назар ба низом даровардани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ғайриимкон аст.

Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишвар ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳуввияти миллӣ муаррифӣ созанд. Ҳамин буд, ки зуҳуроти экстремистии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта, ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои террористии он оварда расонд.

С.Ориёнфар

 

Бознашр аз сомонаи ОРИЁН

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-03-2018, 08:38:52 | Диданд: 787