МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЭҲТИЁТКОРИ ВАБОРО МАҲВ МЕКУНАД.

ЭҲТИЁТКОРИ ВАБОРО МАҲВ МЕКУНАД.

ЭҲТИЁТКОРИ ВАБОРО МАҲВ МЕКУНАД. Кишвари мо чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонист аз ин вабои оламгир дар амон бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишварҳои ҳамсоя-Чину Афғонистон ва Қирғизистону Узбекистон ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус тавсеа меёфт. Бо вуҷуди ин тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ самар дод, Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои гирифтор ба COVID-19 хеле дертар ворид шуд. Мо, мутаассифона, бо вуҷуди дорои тамаддун ва таъриху адабиёти ғанӣ будан, то ҳол ҳам дар баробари хурофот ва воҳима наметавонем бо иродаи устувор мубориза намоем. Фирефта шудан ба суханони беасос, бовар кардан ба воҳимаҳои дурӯғ ва аз ҳама бадтараш гирифтор шудан ба дарди бедавои “бе таҳлил ҳукм кардан ”аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад. Масалан , овозаи камчин шудани орд, ки шояд маҳсули “тахайюли манфиатхоҳ”-и ва ё гурӯҳи тоҷирони мо буд, дар як муддати кутоҳ мавҷи вокунишҳои гуногуни аҳолиро боло бурд. Кор ба ҷое расид, ки дар ҳамаи шабакаҳои телевизону радиои кишвар ҳамон шабу рӯз барномаҳои хабарӣ бо нишон додани захираҳои кофии давлатӣ ва суҳбати масъулон доир ба беасос будани воҳимаҳо оғоз меёфтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2020 дар суханрониаш ба муносибати Рӯзи Модар бо ёдоварӣ аз вазнинтарин рӯзҳои гузашта давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он таъкид карданд, ки “Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?” Ин сухани пурҳикмат, ки як ҷаҳон маъно доштаву ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро дар расидан ба имрӯзу фардои нусратбору пурсаодати халқ ифода мекунад , тавонист орзуҳои душманони миллатро, ки тибқи шаҳодати таърих ҳамеша аз рӯзҳои сахти мардум ба манфиати касифи худ истифода карданд, ба хок занад. Вале, бадбахтона, то ҳол низ онҳое , ки бо “муқтазои табиат ва ғароизи каждумонаи худ” хурофоту воҳимаҳоро мебофанду паҳн мекунанд, кам нестанд. Фақат такмил додани қобилияти таҳлилу тафаккур ва дастрас намудани иттилои саҳеҳ аз сарчашмаҳои муътамад метавонад бозори чунин ашхосро қасод ва худашонро шармсор кунад. Ин худ як овозаи бардурӯғ аст, ки дар миёни мардум паҳн мегардад. Ҳар кас бояд зираки ҳушёри худро аз даст надода, риояи гигиенаи шахси худро дуруст истифода барад. Мутахасисси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Восеъ: Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-05-2020, 12:01:04 | Диданд: 295