МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САРҲАДИ ҚИРҒИЗИСТОН

САРҲАДИ ҚИРҒИЗИСТОН

САРҲАДИ ҚИРҒИЗИСТОН Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем. Аҳдшикани ва низоъ иғвои навбатии Қирғизҳо боиси моҷарои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гардид. Мочаро шоми 16-уми сентябр дар маҳаллаи Баҳори Ҷамоати деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод. Ба гуфтаи намояндагони мақомотҳои қудрати бар асари тирпаронии марзбони қирғиз полковники тоҷик Рустам Убайдуллоев ва инчунин сарбозон Рамазон Исмоилов ва Гиёсддин Суванов ба ҳалокат расиданд. Дар ҳудуди майдони варзиши ин маҳал, ки минтақаи баҳси ба ҳисоб меравад чониби қирғиз сохтмони постгоҳи низомиро шуруъ кардааст. Ва мақомот мегуяд, ки ин кирдор хилофи созишнома сурат гирифтааст, ки қаблан миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расидааст. Мувофиқи он дар минтақаи баҳси ва аломатгузори нашудааст ва корҳои сохтмони манъ аст. Аммо чониби қирғиз Қирғизистон ба бунёди иншоот шуруъ кардааст, ки боиси нороҳатии сокинони тоҷик гардидааст. Рустам Убайдуллоев низоми тоҷик мехост, ки ҳар ду ҷонибро ба ҳамдигарфаҳми даъват кунад вале сад афсус, ки аз ҷониби қирғизҳо ҳадафи тир қарор гирифт. Абдуҳомид Одинаев муовини раиси Чамоати Овчи Қалъача гуфт, ки мардуми мо мехостанд ин вазъиятро бо роҳи осоиштаги ҳал карда ба сари мақсад оянд аммо марзбони қирғиз вазъиятро ба низоъ кашиданд. Ба гуфтаи Абдуҳамид Одинаев айни замон ҳоло вазъият дар марз ором аст ва интизор мешаванд, ки намояндагони ду кишвар сари мақсад меоянд. Мутахасисси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Восеъ: Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-05-2020, 12:02:09 | Диданд: 330