МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терорризм-хатар ба ҳаёти осоиштаи ҷаҳон

Терорризм-хатар ба ҳаёти осоиштаи ҷаҳон

Терорризм-хатар ба ҳаёти осоиштаи ҷаҳон Суботу оромӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти миллӣ яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад. Дар замони муосир хатарҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, таъсири худро ба тамоми сокинони сайёра мерасонад. Кафолати таъмини амнияти давлат, нишонаи бақои устувориву ғояҳои давлатсозист. Дар замони имрўза, ки ҷаҳон ба як марҳилаи душвори сиёсиву низоӣ рў ба рў гардидааст, ҳимояи амнияту осоиштагии давлатҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Гурўҳҳои ифротгарое ба миён омадаанд, ки хатари ҷиддиро ба тамоми давлатҳои рўйи ҷаҳон мерасонанд. Мақсади терроризм ва экстремизм ба нестӣ бурдани сулҳу осоиш, вайрону валангоркунӣ асир гирифтан, куштори натанҳо кормандони қудратӣ, балки аҳолии осоишта мебошад. Бояд зикр кард, ки ягон давлат ё ин ки иттиҳоди давлатҳо имрўзҳо бар зидди терроризм усул ва ё роҳи аз байн бурдани онро дарёфт накардаанд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба артиш такя мекунад. Артиши Тоҷикистон имрўз хушбахтона ба такягоҳ ва сипари боэътимоди миллату давлат табдил ёфтааст. Зеро хатарҳои замони муосир, чун ифротгароӣ барои кишвар зиёд аст. Гуфтан ба маврид аст, ки имрўз дастархони мардуми тоҷик пур аз нозу неъмати фаровон асту кабутари сулҳу субот дар авҷи парвозҳои баланд зери роҳбарии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пас месозад, ки мо ҷавонон ҳамчун муҳофизони дастовардҳои бузурги миллӣ дар паҳлуи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор гирифта, шоистаи таҳсил ва сазовори боварии Пешвои муаззами миллат бошем. Суфиева Дилноза – Гирандаи стипендияи президентӣ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-05-2020, 10:53:37 | Диданд: 292