МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

КОРОНАВИРУС ИМРӮЗ БАШАРИЯТРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ.

КОРОНАВИРУС ИМРӮЗ БАШАРИЯТРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ.

КОРОНАВИРУС ИМРӮЗ БАШАРИЯТРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ. Сирояти коронавирус COVID-19 имрӯз башариятро ба ташвиш овардааст. Тайи ҳафт моҳ боз руйи олам сайр намуда, ҷони ҳазорҳо одамонро рабурд. Бо вуҷуди он ки сирояти мазкур ношинос буда, позаҳрашро то кунун наёфтаанд, табибон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд, то ки ба дарди мубталоёни ин сироят шифо бахшанд. Боиси тазаккур аст, ки тавассути фаъолияти пурсамари табибон қариб 2 миллион беморони гирифтори сирояти коронавирус шифо ёфта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд. Ногуфта намонад, ки табибон ҳам бар асари табобати беморони гирифтори ин бемории ҷоншикан худ низ зарари калон дидаанд. Давоми табобат ва муолиҷаю муомилаи маризон даҳҳо нафари онҳо ҷони худро барои барқарор намудани саломатии башарият бохтанд. Дар ҷумҳурии мо низ ахиран, ин беморӣ сар даровард. Ва аз ҳастии худ хабар дод. Қабл аз ин чун дигар кишварҳои ҷаҳон корҳои профилактикӣ ба ҷо оварда шуд. Аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ низ корҳои поккорӣ, дизенфиксионӣ тавассути идораи санитарӣ – эпидемиологӣ ва безараргардонӣ (дизенфиксионӣ) ҳамчунин худи аҳолӣ мувофиқи талаботи соҳаи тиб ба ҷой оварда шуданд. Бо вуҷуди ин аввалин бемориҳо низ пайдо шуданд ва ҳоло низ идома дорад. Барои табобати маризон дар ноҳияи мо низ беморхонаи махсус омода карда шуд. Ва аз ҳисоби табибони ноҳия табибони алоҳида барои ин беморхона ҷудо гардид. Ба ин гурӯҳи табибон,ки қаҳрамонии бе мисл нишон дода,бо ин беморӣ даст ба гиребон гардида дар кори табобати маризон саҳм гузоштанд, кори ҳифзи саломатии беморон ва давобахшии онҳо аз тамоми чораҳои зарури тиббӣ истифода намуданд. Зимни суҳбат бо чанд нафар шахсони бемор, ки баъди табобат шифо ёфта, ба хона баргаштанд, сипосу миннатдории худро нисбати ин табибон баён намуда, фаъолияти онҳоро корнамоии бемисл ва қаҳрамонӣ ҳисобидаанд. Мо барои хизматҳои беғаразона ба табибони нотарсу ҷасур, инсондуст, авлодони Синои оламгир, ки дар шароити ниҳоят мушкил фаъолият намуда дар кори беҳдошти саломатии мардум, ҳифзи саломатии сокинони ноҳияи Восеъ саҳми муносиб гузоштанд, изҳори ташаккур ва миннатдорӣ намуда, дар зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи кориашон барору комёбиҳо таманно менамоем. Сокини ноҳияи Восеъ: Ҷонова С Б

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-05-2020, 12:45:34 | Диданд: 256