МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ОҚИБАТҲОИ МУСИБАТОВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ ДАР ТОҶИКИСТОН

ОҚИБАТҲОИ МУСИБАТОВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИТ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИТ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

Тайи солҳои фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ он ақида комилан исбот шуд, ки истифодаи ғаразнок аз мафкураи динии мардум, тафриқа андохтан дар масоили динӣ ва мазҳабӣ бузургтарин хатар ба суботи умумист. Таҷрибаи даҳ соли ахир куллан исбот кард, ки ин ҳизб на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое мадад кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Наҳзатиҳо равиш ва биниши исломии анъанавии моро иваз карда, аз маҷрои аслӣ дур сохтанд ва боиси ихтилофи шадиди ақидавӣ дар ҷомеа гардиданд. Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Табиист, ки ин гуна таълимоти диниро ҷомеаи суннатии тоҷик қабул надоштанд. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИТ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид.

ҲНИТ аз замоне, ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурўъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўщ намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.

Солҳои тӯлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.

Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз қабили конфронсҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ - эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд. Дар фаъолияти шахсии як зумра аз аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Ва ҳамчунин пур кардани сафи аъзои ҳизбро аз шахсони холӣ аз донишу ахлоқ, ибодату маънавияти исломӣ ва ашхоси сиёсатзадаи тиҳимағз мақсад гузоштанд.

Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ҲНИТ кори шоиставу боиста ва ба нафъи ҷомеа дида намешуд, то ҷое ки барномаи амалие ҳам вуҷуд надошт. Ин буд, ки марҳум Саид Абдуллои Нурӣ соли 2006 гуфта буд: “агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад”. Ҳақ ба ҷониби марҳум Нурӣ буд, ки дастпарвардаҳои худро аз дигарон хубтар мешинохт.

Бори дигар ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 бозгӯкунандаи он аст, ки ҲНИТ, ки худ ячейкаи «Ихвон-ул-муслимин» аст, дар ҳар вазъияте аз усулҳои хос истифода менамояд. Пешвоёни ҲНИТ дар моҳи сентябр мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо усули «қадам ба қадам» тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва ба фазаи дигари сиёсии худ «сиёсати зӯроварӣ» шуруъ карданд ва тавассути гумоштаи хеш генерал Назарзода даст ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ заданд. Онҳо мeътақид буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ошӯби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан ба инқилоби исломӣ табдил медиҳанд, аммо амалҳои террористие, ки солҳои 90-ум аз ҷониби дастандаркорону пайравони ҲНИТ содир шуда буданд, амсоли даҳшатноктарин навъҳои куштори инсон дар вилояти ҳамонвақтаи Қӯрғонтеппа, ҳамчунин террорҳои пай дар пайи шахсиятҳое, ки мухолифи исломисозии ҷомеа буданд, боиси он гардид, ки кӯшиши табаддулот ноком шуда, ба шикаст мувоҷеҳ гардид…

Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ ба шумор рафта, мавҷудияти ҳизбе, ки бо дин омезиш ёфтааст мантиқан нодуруст аст, аммо Ҳукумати мамлакат ба хотири сулҳу суботи ҷомеа ва якдилии миллати тоҷик ба ҲНИТ иҷозат дода буд ва ҷавоби аъзоёни шўрои ин ҳизб ин аст.

Кор ба ҷое расид, ки дар ҷумҳурӣ нидоҳои «давлати исломӣ месозем», «мо дигар ғулом нестем», «моро давлатҳои мусулмонӣ дастгирӣ мекунанд» ва монанди инҳо дар намоишҳои ғайриқонунию бетартибонае, ки дар пойтахт сар мезаданд, баланд садо медоданд. Дар намоишҳою хурӯҷи ғайриқонунии баамалпайвас­таи ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, бешубҳа, аъзои ошкорою махфӣ амалкунандаи ТЭТ ҲНИТ даст доштанд. Ҷойи шубҳа ҳам нест, ки «саркарда»-и ҳама воқеаи мудҳишу даҳшатафкани он солҳо роҳбарону фаъолони он буданд. Онҳо буданд, ки дар масҷидҳо парчами исломро баланд бардошта, мардумро ба қиём даъват мекарданд. Онҳо буданд, ки барои соҳибмансаб шудан кишвари мо, мардуми моро ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш оварда расониданд. Онҳо буданд, ки дар миёни мардум тухми кинаю адоват пошиданд ва хуни ҳазорон нафар шаҳрванди бегуноҳ рехта шуд. Ақли одамӣ барои баркашидани хисороти молию ҷонии он солҳо кӯтаҳӣ мекунад ва ҳанӯз захмҳои он давра пурра даво наёфтаанд.

Магар варақаҳое, ки аз бинои марказии ТЭТ ҲНИТ ба Суди Олӣ дастрас шудаанд, махсусан, навиштаҷоти «Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҳаётбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо, дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ, пирӯзӣ бо мост…» аз даҳшатоварию терроризми ин ҳизб гувоҳӣ намедиҳад?

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аъзоёни ин ҳизб чандин ҷиноятҳои зиёди вазнини зиддихалқию зиддидавлатӣ содир намуданд.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолитяи ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстримистии “ДИИШ”, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гуруҳи- 24” ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИТ мебошанд.

Бе ягон шакку шубҳа, дар асоси далелҳои муътамади тафтишотӣ метавон хулоса кард, ки ҳамаи ҳодисаҳои куштори рӯзноманигорон бо супориши роҳбарону фаъолони ҲНИТ ва бо дасти ҷангиёни гурӯҳи мусаллаҳи “Наҷоти Ватан”амалӣ гардидааст. Гурӯҳи “Наҷоти Ватан” бахши низомии ҲНИТ буда, ибтидои солҳои 90-ум таъсис ёфтааст. Аъзоёни он пурра мусаллаҳ буданд ва вазифаи онҳо аз қатли зиёиён, рӯзноманигорон ва шахсиятҳои маъруф, ки ақидаҳою идеяҳои ифротиро маҳкум намуда, аз нигоҳи ҷаҳонбинии илмӣ барои пешрафти ҷомеаи муосир талош меварзиданд, иборат буд.

Дар асоси далелҳои боэътимод пурра собит шудааст, ки роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак, дар табаддулоти давлатӣ даст доштаанд. Бинобар ин, бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 июни соли 2016, чордаҳ нафар узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ таѓйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, исёни мусаллаҳона, терроризм ва маблаuгузории он гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд. Нисбат ба худи М. Кабирӣ бошад, тавассути Интерпол кофтукови байналмилалӣ эълон карда шудааст.

Вале саркардагони ҲНИТ амалҳои террористию экстремистӣ ва иртиҷоиро нодида мегиранду мамнӯъ донистани фаъолияти ҳизбро «ғайриқонунӣ» ва «беадолатона» мепиндоранд, ҳол он ки мардуми Тоҷикистон аз фаъолияти ҳизб пурра огаҳ аст, дӯстро аз душман фарқ мекунанд. Медонанд, ки бурун аз марз, дар хориҷи кишвар, хусусан дар шаҳрҳои Берлину Варшаваи Урупо ҳамоиш ташкил кардану худро сафед намудани роҳбарони ТЭТ ҲНИТ, дар ҳаққи давлату Ҳукумати Тоҷикистон тeҳмат задан, «сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ» гуфтан ягон асос надорад.

Фаъолияти террористию экстремистии ТЭТ ҲНИТ имрӯз аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ, СААД низ эътироф шудааст.

Дар ҳолати ҳозира, чанде аз роҳбарону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИТ таҳти роҳбарии М, Кабирӣ дар давлатҳои ғарбӣ будубош доранд. Ҷомеаи олмонӣ, ки аз амалишавии силсилаактҳои террористӣ сахт нигарон мебошад, аз ҳузур ва баромадҳои эътирозии Кабирию пайравонаш (ҳарчанд таъсиргузор набошад ҳам) аз он ки дафтари ин ҳизби террористӣ дар қаламраваш қарор дорад, дар ташвиш афтодаанд.

«Агар Кабирӣ сиёсатмадор мебуд, стратег мебуд, як ҳизби калонро ба ин ҳол намеафканд. Сабаби зиндон шудан ва муҳоҷир шудани ҳазорон тарафдоронаш намегашт. Ҳизбро ба ҳизби оилавӣ табдил намедод. Дар Наҳзат бисёр шахсони калидияш аз рафтору кирдори Кабирӣ ба танг омадаанд. Шояд онон ба наздикӣ масъалаи истеъфои Кабириро ба миён гузоранд. Аз ин рӯ Кабирӣ мехоҳад барои худаш як "запасной аэродром" бунёд бикунад. Журналистони эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро мехоҳад ҷамъ биёварад ва оппозитсияи нав созад, ки дар унвонаш номи "ислом" набошад ва худаш ПЕШВО бишавад» - мегӯяд Додоxони Атовулло.

Таърих гувоҳ аст, ки сарватмандону худпарастон ҳеҷ гоҳ парвои Ватан, миллат, халқ надоштанд ва имрӯз ҳам надоранд. Вале инсонҳои пок, накукор, садоқатманди Ватан аз пайи ҷамъ кардани сарват намешаванд, балки ҳамеша накуӣ мекунанд.

Муҳиддин Кабирию ҳаммаслакони ӯ, ки барои соҳиби сарвати зиёд гардидан дар наз­ди хоҷагони хориҷӣ муттаҳам шудаанд, ғайр аз ғаразу туҳмату бухлу кинаву ҷинояткорӣ амали дигареро анҷом дода наметавонанд. Хоҷагон ба ин иҷозат намедиҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ ҷонибдор ва аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” будани худро дар мусоҳибаи навбатиаш бори дигар исбот намуда, қайд кардааст, ки: “ҳамаи нишонаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ояндаи наздик дар шикастапораҳо ва боқимондаҳои ДИ гурӯҳҳо ва қувваҳои нави тундрав пайдо мешаванд, ки пешгирӣ намудани он душвор мегардад”.

ҳақ бар xониби Сайфулло Сафаров, ноиби аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аст, ки мегӯяд: «иттиҳоди нерӯҳое, ки худро мухолифи ҳукумат медонанд, дар хориҷ аз кишвар хатари ҷиддӣ дорад».

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои ҷолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст. Аз ҷумла ӯ менависад, ки “падидаҳои "ДОИШ", "Ал-Қоида", "ҲНИТ", "Ваҳҳобия", "Салафия", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд. Вуҷуд доранд. Вуҷуд хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (динӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибонҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо номҳои дигар. Бо чеҳраҳои дигар. Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост. Таърихи ҷангҳост. Таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт. Ин мушкили моро осон намекунад. Онҳоро ҷиддан бояд омӯхт. Аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ карда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгӯӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, ба миллат осеб натавонанд расонидан. Таҳлил, баррасӣ ва арзёбии вазъи ҳаётан муҳим барои таъмини амнияти миллат дар шароити кунунӣ илмро ба қувваи истеҳсолкунанда мубаддал мекунад”.

Аз ин рe, вазъи имрӯза - раванди муттаҳидшавии нерӯҳо дар хориҷ, аз ҷумла ҲНИТ хеле хатари ҷиддӣ доранд ва бояд дар ин самт ҳукумати Тоҷикистон чораандешӣ намояд.

Имрӯз миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб медонад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, ҳама дар атрофи Пешвои миллат зич муттаҳид шуда, ба васвасаи ҳеҷ кас бовар намекунанд. Вале бояд огоҳ ва боэҳтиёт бошем, ки мабодо «назарзодаҳо» дар дохили кишвар бо мақсадҳои муғризонаю нопок вуҷуд дошта бошанд. Охир, А. Назарзода ҳам ба боварии Ҳукумат даромадаю мансаби олии ҳарбиро соҳиб шуда буд.

Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон амали аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯиистифода кардану мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Дар шароити имрўзаи мо ҷудокунии амиқи ислом аз ифротгароии динӣ ва терроризм зарур аст. Ва инчунин дастгирӣ ва рушди исломи маҳаллӣ - анъанавии бо арзишҳои миллӣ - фарҳангӣ дар алоқамандӣ зарур аст. Дастгирии ҳар як намуди дигари ислом ба низоъ байни намояндагони ҳаракатҳои динӣ ва ноором сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ оварда мерасонад.

Дар паёмҳои ҳарсолаи худ ва дар вохўриҳо бо аҳли ҷамъиятчигии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ Пешвои миллат, Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки мо ба дини мубини ислом эҳтиромона муносибат карда, исломро чун сарчашмаи зулоли ахлоқу маънавияти падарону аҷдодонамон медонем. Дар робита ба ин қайд мекунанд, ки мо ҷонибдори эътиқоди солими динӣ ҳастем, барои паҳн гаштани ҷаҳонбинии сулҳхоҳона ва мустаҳкам намудани нақши оштидиҳандаи дини мубини ислом мусоидат менамоем.

Матлуба Оқилова 
профессори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ   Бознашр аз сомонаи Ориён

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-03-2018, 13:52:29 | Диданд: 745