МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Замин самаранок истифода шавад

Замин самаранок истифода шавад

Субҳи 27 марти соли ҷорӣ зимни баргузории ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Ғафурзода М.З. роҳбарону масъулони дахлдор вазифадор гардиданд, ки бо мақсади иҷрои дурнамои нақшаи кишт тамоми заминҳои ҳудуди ҷамоатҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид кишт карда шаванд. Кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили зиёд аз тухмиҳои хушсифат истифода бурда, саривақт нурӣ ва обро таъмин намоянд. Инчунин дар рафти ҷаласа оид ба ободонӣ роҳбарону мутасаддиён дастур ва супоришҳо гирифтанд. 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-03-2018, 14:15:37 | Диданд: 707