МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Миллати тоҷик бо далерони Ватан ҳамеша дар масири таърих мефахрад!

Миллати тоҷик бо далерони Ватан ҳамеша дар масири таърих мефахрад!

Миллати тоҷик бо далерони Ватан ҳамеша дар масири таърих мефахрад! Мусалламаст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагӣ дорад. Аз ин рў вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сарбоз ҳифзи марзи кишвари худ ба шумор меравад. Артиши миллии кишвари азизамон воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазнинҳоро аз сар гузаронидааст. Маҳз далерони Ватан буданд, ки дар рузҳои аввали Истиклолият марзу буми Ватани азизро аз душман бо ҷони худ муҳофизат намуданд. Хизмати ин ҷавонони шердил буд, ки имруз миллати тоҷик дар шароити тинҷиву ороми ва осмони соф зиндаги ба сар мебарад. Таърих гувоҳ аст, ки аскарони Ватан бо хоҳишу рагбати худ баҳри хизмати Модар-Ватан сари вақт ҳозир шуда онро содиқона анҷом дода истодаанд. Хушбахтона, ин анъана то ин дам асли худро гум накардааст, балки ҷавоноро баҳри химояи сарҳади Тоҷикистон баланд намуда шумораи ҷавоноро зиёд намуда истодааст. Ҷавонони шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон аз давлатҳои дуру наздик баргашта, ба комиссарияти ҳарби ҳозир шуда, ба хизмати Ватан модар ва барои марзу буми меҳан саф ороста истодаанд. Бояд кайд намуд, ки ҷавонон барои ҳимояи миллату давлати хеш омода буда, онҳо тайёранд, ки дар ин роҳи набард барои ҳифзи сарҳади кишвар баъд аз вокеаҳои қабли ҷони худро фидо намоянд, то ки душман дубора ба марзу буми кишвари азизимон ворид нагардад. Муаллиф: Аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, Назарова Сайёҳат.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-06-2020, 13:25:06 | Диданд: 288