МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар пешгирии бемории нави сироятии “коронавирус” ҳама бояд худро масъул шуморад!

Дар пешгирии бемории нави сироятии “коронавирус” ҳама бояд худро масъул шуморад!

Дар пешгирии бемории нави сироятии “коронавирус” ҳама бояд худро масъул шуморад! Дар таърихи башарият руйдоду воқеаҳое мавҷуд аст, ки мо аз он дарси ибрат мегирему хатои кардаи гузаштагонро набояд такрор кунем. Паҳншавии бемории нави сироятии “коронавирус” дар фурсати андак ҷаҳонро ба мисли тори анкабут фаро гирифта нафарони бемор ё аз лиҳози имунитет суст қурбонии ин беморӣ гаштанд. Дар кишвари мо низ ин беморӣ паҳн гардида, қабл аз он овозаҳояш мардумро дар таҳлука афтонид. Вақте, ки тамоми соҳаҳо бар зиддин ин вируси нав мубориза мебаранд ва корҳои безараргардониро анҷом медиҳанд шаҳрвандон низ набояд бетараф бошанд. Зеро ин вирус ноаён буда аз лиҳози биологи дар бадани инсон то 14 рӯз худро нишон намедиҳаду дар ин муддат дигаронро сироят менамояд. Аз ин лиҳоз башарият дар таърихи инсонӣ бо чунин вабо рӯ ба рӯ нашуда буд. Баъзан нафарон дар ин вазъияти карантини ва эҳтиёти оддитарин қоидаҳои гигиениро риоя намекунанд. Давлатҳои хориҷ бо дарназардошти пешгирии паҳншавии вируси нав маҳдудиятҳо ва ҷаримаҳо татбиқ намуданд. Ҳамаи ин ба хотири амният ва тандурустии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ дар пешгирии ин вируси нав аҳолии ҳамаи курраи заминро лозим аст, ки эҳтиёткор ва қоидаҳои гигиениро риоя намоянд. Мирзоев С-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-07-2020, 14:31:03 | Диданд: 255