МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХИЁНАТКОР ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАДАШ НАМЕРАСАД

ХИЁНАТКОР ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАДАШ НАМЕРАСАД

ХИЁНАТКОР ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАДАШ НАМЕРАСАД Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори навбатӣ имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони миллати мо дар инкораш оҷизанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта, дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, бароямон осон даст надодаанд. Сари ҳар қадам ҳадафи ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷуёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду ва доранд мебаранд. Бадбахтона, чунин бадкирдорон дар тӯли мавҷудияти ин миллати қадима кам набудаанд. Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудану аз миён бурдани ҳувият ва давлатдории хос миллӣ, дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ, сӯистифода аз пойбандии кӯркӯрона ба он, ки дар пояи бесаводии гурӯҳҳои алоҳидаи омма сурат мегирад, истифода шудааст. Ба амалҳои зиддимиллӣ асосан қишри руҳоният, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд. Мардуми шарифи тоҷик ва хосса ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоем, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Н.Неъмонова

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-07-2020, 14:16:39 | Диданд: 244