МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо сарзамини аҷдодиамонро ҳифз менамоем!

Мо сарзамини аҷдодиамонро ҳифз менамоем!

Мо сарзамини аҷдодиамонро ҳифз менамоем! Таърих собит месозад, ки ҳар халқу миллат дар гузаштаи худ ки буданду ва фарҳангу тамаддуни онҳо чи гунна буд. Миллати тоҷик даҳ қарн пеш соҳиби давлат ва сарзамине буд, ки дар он ҳамаи сохторҳои давлатӣ фаъолият доштанд. Ва ин давлати бузурги мо давлати Сомониҳо буд. Мо дар он замон сарзамини васеъу масоҳати калонеро соҳиб будем. Баъди ғалабаи инқилоби октябр дар арсаи ҷаҳон давлатҳои нав пайдо шуданду онҳо муттаҳид гардиданд. Мардуми тоҷик низ даъвои давлатдориро карда сипас соҳиби давлат дар иттиҳоди Шӯрави гардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мо боз соҳиби давлати соҳибистиқлоли демократи гардида, дорои марзу бум ва сарзамини хеш гардидем. Бо гузашти солҳо артиши мо қудратманд гардида, имкони ҳимояи марзу буми худро дорад. Имрӯзҳо мо ҳамагон шоҳидем, ки артиши мо бо тамоми лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ мебошад ва иқтидори ҳимоявии худро дорад. Насли имрӯзаи мо низ дар шароити мусоид ба камол расида бо дарки баланди ҳисси хештаншиносиву ватанпарварӣ сарҳад ва зодгоҳи худро ҳимоя менамояд. Ҳифз намудани сарҳад ин масъулияти бузурги шаҳрвандист, мо барои ҳимояи давлати хеш ҷонисорӣ карда ҳар як ваҷаби онро қадр менамоем. Сафар Ҳ.Р-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-08-2020, 13:23:00 | Диданд: 240