Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-6211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5048]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-4380]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-3775]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3328]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3293]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3203]
9. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3126]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-2868]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2372
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 43921
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и ҚС ҶҚ аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.
https://khovar.tj/2020/08/iz-oroti-markazi-matbuoti-ush-n-oi-sar-adii-kdam-um-urii-to-ikiston-2/
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-08-2020, 08:46:22 | Диданд: 228