МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САРҶАМЪ БОЯД ШУД.

САРҶАМЪ БОЯД  ШУД.

САРҶАМЪ БОЯД ШУД. Сарҳадчиёни ватани азизамон Тоҷикистон шуруъ аз пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ вазифаҳои хизматии худро дар тулии душвориҳои ҷангӣ шаҳрванди бо ҳамаи сахтиҳои он замон нигоҳ накарда хизмати модар ватанро адо намуда, марзу буми ватани азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намудаанд. Фаромўш набояд кард, ки дар ҳар давру замон халқиятҳо ва қавмҳо бар ивази ҷону тан алалхусус сарбозону афсарон барои пос доштани забон, урфу одат, расму оин сарҷамъию иттиҳодӣ ва бунёди давлати худ мустаҳқил талошҳо мекарданд. Мардуми тамаддун офари тоҷик аз давраҳои дури таърихи бо фарзандони фарзонаи худ ҳамеша арзишҳои волое, ки дар ҷангҳои бародаркуши ба мо маълум шуд барои сарҳадбонони он замон на он қадар осон буд. Ба ҳамаи он нигоҳ накарда бо андаке афсарону сарбозони мо бар зидди душманони аҷнабӣ ва он зархаридҳо мубориза мебурданд ва онҳоро содиқона, бо таваҷҷуҳи хос нигоҳ медоштанд. Ҳизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватану ҳалқ буда, қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат ба шумор меравад. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш фахр мекунад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Имрз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқарароти меъёри давлатдорӣ соҳиби парчам, нишон, суруди миллӣ ва артиши миллии ҳуд мебошад. Аз ин рў ҷавононро мебояд тамоми ҳастии ҳудро барои нигоҳдошти муқаддасоти миллӣ ва марзу буми кишвар равона намуда, ҷони ҳудро дарег надошта, барои тенҷиву оромии кишвари азизамон доимо омода бошанд. Қушунҳои сарҳади бо ҳама тачҳизот ва лавозимоти ҷанги тамоми тадбирҳои муассир ва саривақтиро андешида истодааст. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизмати аз ҳар як афсар ва сарбозони содики Ватан такозо менамояд, ки хизматро баҳри ободи ва тинҷию аммонии кишвар сидқан баҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар назди онхо гузошта мешаванд, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди Ватандусти иҷро намоянд, зеро ҳифзи Ватан, таъмини субботу ороми, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст! Сокини ноҳияи Восеъ: Ҷонова С

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-08-2020, 13:10:11 | Диданд: 279