МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЭТ ҲНИ— душмани сулҳу ваҳдат аст!

ТЭТ ҲНИ— душмани сулҳу ваҳдат аст!

ТЭТ ҲНИ— душмани сулҳу ваҳдат аст! Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорад. Ҷанги дохилӣ аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардид. Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳapгyнa ҳизбу харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИТ мебошанд. Маҳз ҲНИТ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд. Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Ифротгароӣ имруз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ ба канор нестанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор хастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар замири онҳо омўзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта,тахти роҳбарии Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем. Бинобар ин моро лозим аст, ки дар қалби насли ҷавони замони истиқлол ҳисси ватандустӣ, инсонпарварӣ, содиқ будан ба халқу миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги хешро тарбия намоем. Мо бояд насли наврасро ба қавииродагӣ, рафтори нек, боварӣ ба ояндаи дурахшон ҳидоят намоем. То ин ки дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ аз имкониятҳои худ истифода бурда ватани худро ҳимоя намоянд.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-09-2020, 14:32:28 | Диданд: 626