МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Афсарону сарбозони шуҷои Ватан дар ҳимояи сарҳади Тоҷикистон омода астанд.

Афсарону сарбозони шуҷои Ватан дар ҳимояи  сарҳади Тоҷикистон омода астанд.

Афсарону сарбозони шуҷои Ватан дар ҳимояи сарҳади Тоҷикистон омода астанд. Дар хамаи паём ва суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳури пеш аз ҳама ҳимояи марзу буми кишвар ва адо намудани қарзи рисолати ҷавонмарди мебошад. Мо насли наврасу ҷавон бо азму иродаи қави суханони хирадмандонаи Сарвари давлатро пайрави намуда ҳамчун пайрави арзанда барои Ватани худ хизмат мекунем. Зеро оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Оромиву суботи ҷомеа пеш аз ҳама ба сарҳадбонони тоҷик вобаста буда хизмати шоиста ва шоёни онҳо, ки шабҳои дароз бедорхобӣ кашида бо тамоми хавфу хатар барои ҷонисории Тоҷикистон мубориза мебаранд, арзандаи ин Ватани биҳиштосо мебошад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар кардан ин меҳру муҳабати насли наврасу ҷавонро ба ин миллату давлат нишон медиҳад. Имруз Тоҷикистони азизи мо соҳибистиклолу соҳибдавлат аст ва мо ҷавононро месазад, ки баҳри ҳимояи ин меҳани азиз камари ҳиммат баста дар сафи пеш бо қадамҳои устувор ҳам кадами замон шуда мардонавор давлати худро ҳимоя кунем ва мунтаззам дар рушди босуботаш саҳм гузорем. Қурбонова Ш. – хонандаи МТМУ №13

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-09-2020, 12:21:59 | Диданд: 347