МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Фаъолияти семоҳа ҷамъбаст гардид

Фаъолияти семоҳа ҷамъбаст гардид

Санаи 9 апрели соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи таълимии миёнаи умуми №61 воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук маҷлиси ҷамъбасти оид ба натиҷаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2018 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода -мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуд. 

Султонов Сабур -муовини раиси ноҳияи Восеъ аз натиҷаи фаъолияти ҳамаи бахшҳо дар семоҳаи соли 2018 ҳисобот дода, камбудиҳои мавҷударо қайд кард. 

Раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Ғафурзода М.З-нисбати камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли масъалаҳо аз масъулони дахлдор пурсиш ба амал овард. Сипас вобаста ба нақшаҳои оянда ба мутасаддиён супоришҳо дода шуд. 

Дар фарҷоми Маҷлис ба ду нафар хонандагон, ки дар олипиядаи ҷумҳуриявӣ сазовори медали тилло ва нуқра гардиданд туҳфаҳо супорида шуд. 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-04-2018, 11:54:10 | Диданд: 561