МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Чашми хоинони миллат некро намебинанд.

Чашми хоинони миллат некро намебинанд.

Чашми хоинони миллат некро намебинанд. Ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз саодатмандона зиндаги доштан дар ватани азизамон Тоҷикистон шукрона менамоянд. Зеро пайваста ғамхорию талошҳои шабонарузии Сарвари давлат буд, ки аз шабистони зулмоти ба рушноии “Аҳурамаздо”-и имруз мардумони бо ору номуси тоҷик расиданд. Лек то ҳол гуруҳҳое ҳастанд, ки пешрафти ватанамонро дида наметавонанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромию осудагии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсоне ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо ном мусалмон мебошанд, дар асл бо кирдорҳои ношоиста ва хиёнаткориву мардумфиребӣ даст мезананд. Муҳаммадиқболи Садриддин дини ислоиро ба манфиати худ истифода бурда мардумро фиреб карда пул ба даст меорад. Муҳаммадиқболи Садриддин бо хабар ва гузоришҳои фитнаангез ҳамеша алайҳи ватани худ баромад намуда, давлат ва миллати худро таҳқир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш дастгирӣ меёбад. Нафаре, ки аз ватан берун рафта бар зидди ватанаш хиёнат мекунад ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад. Мардуми тоҷик дигар ба суханони бардуруғи хоинони Ватану миллат дода намешаванд, сулҳу субот, тинҷиву ороми ба заҳмати беандоза бадастомадаро бо ҷону тан ҳифз менамоянд. Ин раҳгумзадаҳо то ҳол дарк накардаанд, ки садсолаҳо пештар аҷдодони мо ҳар куҷо рафтаанд ба хулоса омадаанд, ки “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” Мо ба ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлолият муроҷиат намуда, хоҳиш дорем фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони гуруҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони худро бар маҳал хазон насозанд. Илму ҳунар омӯзанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгулшукуфоии диёри хеш саҳмгузор бошанд. Сокини ноҳияи Восеъ Ё. Ализода.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-10-2020, 12:24:48 | Диданд: 239