МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби замони муосир

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби замони муосир

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби замони муосир Экстемизм ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ баҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад. Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳаргуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд. Ҷои таассуф аст, ки гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Дар ин маврид Президенти кишвар дуруст қайд карданд, ки: «Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари тероризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асри миёнагии терористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд». Бо ибрози шукрона бояд гуфт, ки имрӯз фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷу ором буда, мардуми он дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат зиндагии орому осоишта доранд. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки бо дарки авзои ҷаҳони муосир ва фазои сулҳу суботи Ватани азизамон дар ҳифзу нигоҳдории тинҷию осудагӣ саҳми худро гузоранд. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат нагузорем, ки амнияти кишвари мо халалдор гардаду мардуми мо сарсону хонавайрон. Ҳама кӯшишу ғайрат ва заҳмату меҳнати мо баҳри ободию гулгулшукуфии Ватани азизамон бошаду дар пайи ҳифзу нигоҳдории сулҳу амонӣ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи иВосеъ: Мирзоева Гулрухсор

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-10-2020, 08:22:33 | Диданд: 212