МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм - хатар ба ҳаёти осоиштаи ҷаҳон

Терроризм - хатар ба ҳаёти осоиштаи ҷаҳон

Терроризм - хатар ба ҳаёти осоиштаи ҷаҳон Сулҳу суботу оромӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад. Дар замони муосир хавфҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, таъсири худро ба тамоми сокинони сайёра мерасонад. Кафолати таъмини амнияти давлат, нишонаи бақои устувориву ғояҳои давлатсозист. Дар замони имрӯз, ки ҷаҳон ба як марҳилаи душвори сиёсиву низоӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ҳимояи амнияту осоиштагии давлатҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Гурӯҳҳои ифротие ба миён омадааст, ки хотираи ҷиддиро ба тамоми давлатҳои рӯи ҷаҳон мерасонанд мақсади гурӯҳҳои ифротӣ ба нестӣ бурдани сулҳу оромӣ, вайрону валангоркунӣ, асир гирифтан, куштори натанҳо кормандони қудратӣ, балки аҳолии асоишта мебошад. Баяд қайд намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ гурӯҳҳои ифротӣ аз қабили терроризм ва экстремизм танҳо аз неруи ҷавонон ва наврасон истифода менамоянд, ки ин зарбаи ҷонкоҳ ба рушди ҳаёти осоиштаи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мезанад. таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дода истодааст, ки баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон бозингарони сиёсӣ ҳадафу стратегияи ғаразноки худро бо роҳҳои гуногун идома дода истодаанд. Хулоса месазад, ки мо ҷавонон танҳо бо роҳи шукргузори сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлатро дастгири намуда, барои ободии кишвари маҳбубамон саҳми худро гузорем. Суфиева Дилноза - хонандаи МТМУ №1 – и ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-10-2020, 14:13:05 | Диданд: 270