МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳолати муассисаҳои тибии ноҳияи Восеъ аз пешгирии олудашави ба бемории COVID-19.

Ҳолати муассисаҳои тибии ноҳияи Восеъ аз пешгирии  олудашави ба бемории COVID-19.

Ҳолати муассисаҳои тибии ноҳияи Восеъ аз пешгирии олудашави ба бемории COVID-19. Вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар миқёси ҷаҳонӣ бениҳоят ҷиддӣ боқӣ монда, рўз то рўз ташвишовар арзёбӣ гардида истодааст. Суръати паҳншавии ҳодисаҳои вируси мазкур дар ҷаҳон таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо намуда ва бо мақсади пешгирии паҳншавии он зарурияти ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар ноҳия ба миён омадаанд. Қайд бояд намуд, ки дар асоси амри раиси ноҳияи Восеъ аз 16.03.2020, №33 оиди пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) бо ҷалби сохторҳои маҳаллии маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, фаъолони ҲХДТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идора, фаъолон, масъулини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар ҳар як маҳалли аҳолинишин гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус дар ноҳияи Восеъ, инчунин татбиқ намудани қарорҳои дахлдори ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар ноҳия ҷиҳати андешидани чораҳои зерин чораҷӯи намудан роҳбарият ва кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ якҷо бо кормандони шуъбаи дизинфексияи профилактикии ноҳия зимни корҳои фаҳмондадиҳи бо шаҳрвандон оид ба роҳҳои сироятшавӣ ва усулҳои пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла бо роҳои расидани заррачаҳои луоби даҳон ба чашм, бинӣ, даҳон, дастони ифлос, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тоза кардани манзилҳои зист, ҳатман пушидани ниқоби тиббӣ ва худдори намудан аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъияти ё серодам маълумот ва ҷиҳати бештар дар хона будани шахсони аз 60-сола боло маслиҳатҳо дода шуд. Ҳамзамон баҳри расидан бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон тадбирҳои безараргардонии сартосари ва корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намуда истодаанд. Ҳамарӯза дар мактабҳо, муассисаҳои томактаби, бозорҳо ва дигар муассисаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳи ва безараргардони гузаронида шуда истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи дар якҷояги бо кормандони шуъбаи дизинфексия дар 1055-манбаҳои беморони илтиҳоби шуш дар 67-ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва кучаҳои шаҳрак масоҳати 176230 метри мурабаъро бо хароҷоти 835 литр маҳлули гипохлориди натрий ва дар 19 деҳа масоҳати 810000 метри мурабаъ бо 1200 кг хлор ройгон безарар гардонидаанд. Мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи дар байни аҳолии ноҳия зиёда аз 8600 варақаҳои таблиғоти оиди роҳҳои пешгирии бемории коронавирус тақсим намудаанд. Ҳамаруза мутахассисони марказ дар ҳамаи обектҳои зери назорат буда махсусан дар мактабҳо, бозорҳои ноҳия, мағозаву ошхонаҳо ва муассисаҳои тандурусти реҷаи безараргардонии ва истифодаи ниқобро назорат мекунанд. Тибқи маълумотномаи мененҷери кумаки авалияи тибби аз 20.10.2020, №489 ҳамарӯза барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус мунтазам чораҷуи намуда истодаанд. Ҳамарӯза барои пешгири бо маҳлулҳои хлор ва гипохлориди калтсий ҳуҷраҳо ва гирду атрофи муассиса безарар гардонида истодаанд. Баҳри пешгирии бемории мазкур хонагаштаки кормандони тибби оилавӣ пурзур карда шуда табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба 8 гуруҳи кори тақсим карда шудааст, ки дар ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳотӣ кор ва фаъолият доранд. Дар маркази саломатии ноҳия ва ҳамаи марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ навбатдории шабонарузи ташкил карда шудааст, ки 24 соат ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. То ба ҳол 20.10.2020, 1029028 хоҷагӣ, ки 304126351 нафар аҳолиро ташкил медиҳанд ба хонагаштак фарогирифта шуд. Аз ин шумора 3775 нафар ҳароратбаланд дарёфт карда шуд. Дар маркази саломатии ноҳия ҳуҷраи пулмонологи фаъолият менамояд, ки дар ҳуҷраи мазкур беморони гумонбар ба бемории коронавирус аз муоина гузаронида шуда ба табобат фаро гирифта мешавад. То ба ҳол 20.10.2020, дар ҳуҷраи мазкур 647 нафар гумонбарон баъд аз хулосаи рентгени аз муоина гузаронида шудаанд. Аз ин миқдор 99 нафарашон дар беморхонаи рақамии №5-и деҳаи Охҷар, ки барои гумонбаршудагон омода карда шудааст бистари гаштаанд. Айни ҳол дар беморхона беморон бистари нестанд. То ба ҳолати 20.10.2020, 4 нафар бемори бо ташхиси илтиҳоби шуш дар таҳти назорат қарор дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми кормандони тиб хонандагон ва омӯзгоронро аз назар гузаронида ҳароратбаландонро ҷудо карда ба табобат фаро мегиранд. Аз авали пайдошавии бемории COVID-19 кормандони мененҷери кумаки авалияи тибби омодагиҳо дида маводҳои безараргардони ва либосҳои махсусро ба тариқи зайл омода намуда буданд: Ситоди ноҳиявӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулини ҳамаи соҳаҳо барои назорати қатъии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа, фаъолияти бемамонияти муассисаҳои савдо ва бозору нуқтаҳои фурўши молҳои ниёзи мардум, дар муҳлатҳои кутоҳтарин гузаронидани безараргардонии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо, бо тартиби муқарраргардида ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ ва иловагӣ ҷиҳати харидорӣ ва таъмини муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳия бо маводи ғизоӣ, лавозимоту амволи ҳифзкунанда, ҷиҳози сахту мулоими бистарӣ, маводи доруворӣ, сўзишворӣ, безараргардонӣ ва шўянда омодагии доимии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо барои пешгирии таҳлукаю иғвогариҳо чораандешӣ намуда назоратро аз рўи масъалаи мазкур пурзўр намудааст. Имрўз хизматрасонии тиббӣ бо усулҳои муосири ташхису табобат дар муассисаҳои тиббии ноҳия тавассути таҷҳизоти замонавӣ сурат мегирад. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ: Ёқубҷон Алиев.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-10-2020, 14:06:06 | Диданд: 224