МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АМНИЯТИ КИШВАР ВА МИНТАҚА-БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ

АМНИЯТИ КИШВАР ВА МИНТАҚА-БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ

 Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола Паёми Пешвои муаззами худро бо сад умеду орзуҳо гарм истиқбол менамояд, ки имсол низ истисно набуд. Чунки паёмҳои ҳамасолаи Ҷаноби Олӣ аз як ҷониб таҳлили мукаммали бурду бохти соли гузашта бошад, аз ҷониби дигар нақшаи дурнамои кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлати сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.Ҷаноби Олӣ Паёми имсолаи худро аз таҳлили авзои нигаронкунандаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа оғоз намуданд, ки ин бесабаб нест. Оқибатҳои фоҷиабори инқилобҳои ранга дар як қатор кишварҳои арабӣ, ки нафаси сарди он мутаассифона ба кишвари мо низ расид ва як теъдод ҷавонони ноогоҳи ҳамватани мо ба гирдоби ин бало гирифтор шуданд, Сарвари давлати тоҷиконро ба ҳеҷ ваҷҳ бетараф нагузошт.  Хушбахтона ҳанӯз соли 2010 бо иқдоми саривақтии Пешвои миллат  ҳазорон донишҷуёни бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба таълимоти динӣ ҷалбгардида, аз як қатор кишварҳои дуру наздики мусулмонӣ ба ватан баргардонида шуданд, ки дар акси ҳол имкон дошт ҷони садҳо тан ҷавонони тоҷик қурбони ин ҳаводис  гардад. Буданд он замон шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое, ки сару садо баланд намуда, даъво менамуданд, ки Тоҷикистон намегузорад, ҷавонони он дар соҳаи дини мубини ислом дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, соҳибмаълумот гарданд. Бо гузашти ҳамагӣ панҷ сол бори дигар бузургиву дурандешии Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон исбот гардид ва бозгардонидани ҷавонон пеши роҳи бисёр паёмадҳои нохушро гирифт. Феълан бо нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа зиёд гардида истодааст. Илова бар ин, доман паҳн намудани террору хунрезӣ дар кишвари ҳамсоя Афғонистон дар давоми қариб чор даҳсола ва сол то сол васеъ гардидани майдони кишти маводи мухаддир, ки аз рӯи маълумоти СММ то ба 328 ҳазор гектар расидаасту  истеҳсоли ин маводи маргбор ва вабои аср нуҳ ҳазор тоннаро ташкил менамояд, хатари дигарест барои кишвари мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, чунки хоҳ нохоҳ интиқоли он ба дигар кишварҳо қисман аз тариқӣ ватани мо амалӣ мегардад. Ҷаноби Олӣ доир аз вазъи ноороми кишвари ҳамсоя Афғонистон, ки бо кишвари мо марзи умумии тӯлонӣ дорад, изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии ин кишвар ва рушди иқтисоди он иқдом намоянд, чунки набудани ҷои кори доимӣ, фақру нодорӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда омилҳое мебошанд, ки сади роҳи вораҳидан аз вартаи фоҷиабор гардидааст. Бо ҳамин андешаҳо Пешвои миллат бо ҳамон заковати азалии худ  ба тақдири пуртазоди миллати азиятдидаи афғони ҳамсоя бетараф набудани худро изҳор менамоянд. Ин ба он маъниест, ки  агар дар хонаи ҳамсоя ноормиву ноамнӣ бошад, хоҳ нохоҳ таъсири бади он ба дигар ҳасоягон низ мерасад. Шахсан дар суҳбатҳо чандин маротиба худам шоҳиди он гардидаам, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя-Афғонистон аз ин пуштибониҳои Пешвои муаззами мо дар сатҳи байналмиллалӣ ва бетараф набуданашон ба тақдири миллати азиятдидаи афғон, изҳори сипосу минатдорӣ менамуданд. Чанд сол пеш ҳангоми адои маносики ҳаҷ, ки масъули кори ҳаҷ будам, форсизабонони муқими Арабистони Саудӣ борҳо муроҷиат ва хоҳиш менамуданд, ки акси  Ҷаноби Олиро бо парчами Тоҷикистон ба онҳо ҳадя намоем, то дар хонаҳояшон бо ибрози ихлосу арҷгузорӣ нигаҳдорӣ намоянд. Онҳо бо ифтихор мегуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон натанҳо Пешвои тоҷикони Тоҷикистон, балки Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Пешвои азизи  мо низ ҳаст.  Ин гуфтаҳо шоҳиди онанд, ки маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон барвақт аз марзҳои кишварамон ба берун убур намуда, дар қалбҳои инсонҳои соҳибақлу соҳибфарҳанг маскан гирифтааст.

        «Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст»- омадааст дар идомаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба дигар шарҳу тавзеҳ зарурат надорад.

     Бо як сухан гуфтан ҷоиз аст, ки ҳама рушду нумӯи мо, тоату ибодати мо, буду набуди мо, рухи сурхи мо, хандаи тифлону ҳар нафаси борифоҳи мо аз амнияти кишвар, тинҷиву оромии он вобастагии ногусастанӣ дорад.

          Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи гузориш оиди ин масъала чунин ишора намуданд: «Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст».

       Ин ва дигар тадбирҳо метавонад, кишвари моро аз хатарҳои аёну ноаёни ҷаҳони муосир эмин нигаҳ дорад. Барои амалӣ намудани ниятҳои нек ва дурандешонаи Сарвари давлат моро зарур аст, дар атрофии сиёсати созандаи Пешвоямон боз ҳам муттаҳид бошем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯуҳия тарбия намоем ва нагузорем, ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои пучу бебунёди гуруҳҳои экстремистӣ- террористӣ ва эмиссарҳои фурӯхташуда гардида, ҳаёти худ ва атрофиёнро мувоҷеҳи хатар гардонанд.

        Азизулло Мирзозода,

муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳоим миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Бознашр аз сомонаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-04-2018, 12:04:36 | Диданд: 900