МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вохӯрӣ бо сардабири рӯзномаи “СССР”

Вохӯрӣ бо сардабири рӯзномаи “СССР”

Санаи 13 апрели соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳангӣ Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев вохӯрӣ бо Сайёфи Мизроб сардабири рӯзномаи “СССР” бо фаъолони ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Нахуст дар вохӯрӣ Ғафурзода Мусо Зариф раиси ноҳияи Восеъ қайд кард, ки мардуми ноҳияи Восеъ бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ дар партави сиёсати бундёкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашида, баҳри иҷрои ҳамаи он дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо сидқан фаъолият намуда истодаанд. Мақсади мардуми ноҳия иҷрои ҳамаи нақшаҳои дурнамо дар соли 2018 мебошад.

 Сайёфи Мизроб сардабири рӯзномаи “СССР” сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамаи соҳаҳои кишвар қайд карда, изҳор дошт, ки Президенти кишвар баҳри  сулҳу субот на танҳо дар Тоҷикистон балки дар давлатҳои ҳамсоя талош талошҳо намуда истодааст.  

Дар фарҷом барои фаъолияти созандаву бунёдкорона ба муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф раиси ноҳияи Восеъ диплом ва рамзи рӯзномаи “СССР” тақдим карда шуд.

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-04-2018, 07:46:29 | Диданд: 921