МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ноогоҳӣ – маншаи хурофот

Ноогоҳӣ – маншаи хурофот

Дар чанд соли охир, ки ифротандешиву таассуб ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравиро ҷиддан таҳдид кард, донишмандони ҷаҳон барои пайдо кардани рамзу рози чунин гаравишҳои хатарнок остин барзаданду чанд омилро ёдовар шуданд. Дар миёни чанд сабаби зикршуда (фақр, бекорӣ, таблиғи густурдаи ҳизбу созмонҳои ифротӣ) яке беш аз ҳама таваҷҷӯҳи моро ҷалб карда, бо воқеият низ хеле наздик мебошад. Ин ноогоҳ будан ё дониши динӣ надоштани ҷавонон мебошад. Огоҳӣ надоштан аз маорифи динӣ инсонро ба кӯйи гумроҳӣ мебарад. Донишмандон дар тафсири ояти 80-уми сураи Бақара таъкид мекунанд, ки ноогоҳӣ ва бедонишӣ инсонҳоро ба хурофотпарастӣ мерасонад. Ба ин хотир олимону нухбагони миллатҳоро мебояд, ки дар ҷомеа рисолати хешро анҷом дода, барои огоҳӣ бахшидан ва басират ёфтани мардум талош варзанд. Яке аз чунин корҳо бепосух нагзоштани афкору гуфторҳои нораво мебошад.
Ҳукумати Шӯравӣ ба эътирофи ҳама донишмандон ҷомеаҳои аз нигоҳи маънавӣ фартутро ба ҷой гузошт. Ҳафтод соли сиёсати динзудоӣ боис гардид, ки мардуми ташна ба самти худогоҳӣ шитофта, дину имонро низ чун ҷузви фарҳанг гиромӣ доранд. Шавқу рағбати мардум нисбат ба динро мушоҳида карда, гурӯҳи фурсатталабу моҷароҷӯ бо шиорҳои динӣ хостанд мардуми ноогоҳро ба вартаи гумроҳӣ кашанд. Даҳҳо ҳазор ҷавон дар ҷанги шаҳрвандӣ аз паси сарони фитнаангезу иғвогар рафта, талаф гаштанд. Иддае аз ҷавононро ба дом андохта, ҳизбу созмонҳои террористӣ пои ҷавонони ноогоҳи тоҷикро ба фитнаҳои бузурги аср гирифтор карданд. Магар падару модари ҷавононе ки ҷони худро дар фоҷеаҳои Сурияву Ироқ аз даст доданд, бо ҳамин умед онҳоро ба дунё овардаву бузург карданд? Куҷоянд «ҳомиёни дин» то ба ҷароҳати волидайни ҷавонони қурбоншуда марҳам гарданд? Ки ҷавоби фарзандони ятимгаштаву бесарпаноҳ ва чашмбароҳи ононро медиҳад?
Аз баракати истиқлол сатҳи худогоҳии аҳолӣ хеле боло рафт. Аз ҷумлаи корҳои бузург дар ин самт нашри китобҳои зарурӣ, аз ҷумла тарҷумаи тоҷикии Қуръони Карим, тарҷумаи Саҳеҳи Бухорӣ, таҷлил ва муаррифии чеҳраҳои тобнок ва симоҳои дурахшони фарҳанг, аз қабили Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад. Агар дар даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ танҳо афроди хосс ва қисми ками ҷомеа ба шахсияти бузурги маънавӣ ва пешвои мазҳабии тоҷикон Абӯҳанифа ошно бошанд, имрӯз пиру ҷавон ин шахсияти бузургро мешиносанд. Сатҳи огоҳии динӣ дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон нисбат ба даҳ соли қабл хеле беҳтар гаштааст.
Аммо моҷароҷӯҳои дирӯз ҳанӯз дар камин нишаста, бо найрангу фиреб мехоҳанд фитнаҳои нав барпо кунанд. Агар дар гузашта бо нашри рӯзномаву таблиғи густурда дар масҷидҳову минбарҳо ва ҷаласаҳои хусусӣ ба ин кор машғул гарданд, имрӯз майдони муборизаи онҳо шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дар асри иттилооту технологияи муосир, ки ҷаҳонро дигаргун карда, иддае ҳанӯз боварҳои нораво ва хурофотро алам карда, ҷавононро ба кӯи гумроҳӣ ва нокомӣ мекашонанд. Аз ин рӯ, тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан зиёиёну равшанфикрон ва ҳар касе ки худро дар назди ҷомеа ва таърих масъул медонад, бояд баҳри огоҳии ҷавонон ва басирату маънавиёти онон кӯшиш кунад. Ҳама дар назди миллат ва давлати навпойи Тоҷикистон масъулем ва қарзи шаҳрвандии худ медонем. Роҳи паймудаи қаҳрамонони Тоҷикистон ва ҷонфишонии онҳо дар роҳи таъсиси давлат, шукуфоии кишвар, истиқрори сулҳу амният сабақу раҳнамои мост!
Сайфуллоҳ Муллоҷонов

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-04-2018, 09:00:06 | Диданд: 702