МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳифз намудани марзу буми кишвар қарзи ҳар як сарбози вафодори миллат ба шумор меравад.

Ҳифз намудани марзу буми  кишвар қарзи ҳар як сарбози вафодори миллат ба шумор меравад.

Ҳифз намудани марзу буми кишвар қарзи ҳар як сарбози вафодори миллат ба шумор меравад. Мусалламаст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагӣ дорад. Аз ин рў вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сарбоз ҳифзи марзи кишвари худ ба шумор меравад. Артиши миллии кишвари азизамон воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазнинҳоро аз сар гузаронидааст. Маҳз далерони Ватан буданд, ки дар рузҳои аввали Истиклолият марзу буми Ватани азизро аз душман бо ҷони худ муҳофизат намуданд. Хизмати ин ҷавонони шердил буд, ки имруз миллати тоҷик дар шароити тинҷиву ороми ва осмони соф зиндаги ба сар мебаранд. Ҳифз намудани марзу буми кишвар қарзи ҳар як сарбози вафодори миллат ба шумор меравад, ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддас мебошад: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбони намудан ва сулҳро пойдор нигоҳ доштан. Бояд кайд намуд, ки ҷавонон барои ҳимояи миллату давлати хеш омода буда, онҳо тайёранд, ки дар ин роҳи набард барои ҳифзи сарҳади кишвар баъд аз вокеаҳои қабли ҷони худро фидо намоянд, то ки душман дубора ба марзу буми кишвари азизимон ворид нагардад. Аз ин рў ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмини амнияти миллӣ, пойдор мондани Истиқлолияти давлатӣ ва дар замири наврасону ҷавонони кишвар бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, дўст доштани Ватан саҳми арзандаи худро гузоштан, зеро ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои милли, ҳифзи марзубуми кишвар пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот натанҳо вазифаи сарбоз балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту ватанхоҳи кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳифзи марзу буми кишвар аз сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва мутаҳидиву сарҷамъии кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Моро зарур аст, ки дар паҳлуи ҳамдигар барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарўзии марзбонони Ватан ва тинҷиву оромии миллати худ бирасем Ватани азизи худро дўст дошта, ҷони худро барои ҳифзаш дареғ надорем. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси ноҳияи Восеъ: Ё.Алиев.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-11-2020, 12:37:48 | Диданд: 27