МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кабирии гумроҳ мардумро ба ифроти мебарад

Кабирии гумроҳ мардумро ба ифроти мебарад

Тӯли чанд сол буд, ки ҳизби ҳоло мамнуъи наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҷавлон мекард ва дар ниқоби «озодии баён» фикру андешаҳои ботили худро бар сари мардум тавассути рӯзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Ҳоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханҳои пӯчу мемағз гӯш намедиҳад.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд.

Ки ин бадбахтон, имрӯз ҳастанд онҳое, ки бо тарғиби рӯҳониёни ҷоҳил, исломиёни сиёсатгаро кӯркӯрона рафтори он хуношомонро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ин сиёсати ваҳдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароғи маърифат идома доданӣ мешаванд.

Ҳилолов Б

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-12-2020, 12:57:35 | Диданд: 223