МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат ба Ватан хиёнат ба Модар аст.

Хиёнат ба Ватан хиёнат ба Модар аст.

Хиёнат ба Ватан хиёнат ба Модар аст. Дар ин давраи ҳасосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Бояд зикр намуд, ки шахсоне ҳастанд, ки ба миллти хеш хиёнат мекунанд, ки гуноҳи ингуна шахсон нобахшиданист. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Яке аз ингуна шахсони хиёнаткор Кабири мебошад, ки мехоҳад миллати ободу осудаи моро ноором созад. Ин шахсиятҳо бо суханҳои дурӯғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шараманда кардан мехоҳанд. Ин душманони миллат аз эътиқоду дини мардум истифода бурда таввасути шабакаҳои иҷтимои мехоҳанд мардумро сарнагун созанд. Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукургузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳони паст намоянд муқобилият нишон дода ва намегузорем, ки ҳеҷ як касе миллати сарҷамъи моро пароканда намояд. Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ А. Иброҳимов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-12-2020, 13:31:14 | Диданд: 301