МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллат ба мақсад намерасанд.

Хоинони миллат ба мақсад намерасанд.

Хоинони миллат ба мақсад намерасанд. Мо мардуми шарафманди миллати тоҷик фахр аз он дорем, ки дар чунин Ватани ободу зебо ва тинҷу ором умр ба сар мебарем. Аммо ҳастанд нафарони хиёнаткоре аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, Кабири ва дига ҳамаслакони онҳо ки, пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, мехоҳанд кирдорҳои нопоки хешро роҳандози намоянд. Албатта, хиёнат бузургтар аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯзҳам бахшида нахоҳад шуд, инро набояд фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик минҷумла ин хоинони бадниҳоду бадгавҳар. Имрӯзҳо ин хоинони миллат сомонҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимои, бо маблағгузорӣ хоҷагонашон таъсис дода, ба мардум фиребиву мардумозори даст мезананд. Дар ҳақиқиат ҳам ҳамин рафтор ва муносибатҳои бадхоҳонаи ин бе ватанҳо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палидон зархариди душмани миллату ватани хеш гардида барои ду танга ба чӣ хиёнатҳо қодиранд. Биноан вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки хоинонро шиносему онҳоро ҳамвора нафрин кунем. Дарк намоем, ки гуфтаҳои онҳо ба хаспорае намеарзаду доду вовайлои онҳо чун “аккоси сагон ба сӯи моҳ” асту бас. Донем, ки онҳо ба андозаи як дона арзан ҳаққи қарф задан аз номи ватани моро надоранд. Аз хотир ҳама бадбинию бадгӯӣ дар бораи ин хоинон кам аст ва агар онҳо дар пастарин ҳолат низ афтанд, зарраи тараҳҳум бар онҳот ҳаром аст, чун онҳо пурарзиштарин ганҷ, муқаддастарин арзиш ноёфтарин неъмат, волотарин сарват барои инсон Ватан – Модарро фурӯхтаанд. Сокини ноҳияи Восеъ Ализода Ё. С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-12-2020, 12:54:05 | Диданд: 693