МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони Ватан

Хоинони Ватан

Хоинони Ватан Гуфтан ба маврид аст, ки дар асри 21 пешравӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон ба назар мерасанд. Яке аз самтҳо, ки дар асри мо рушд намудааст ин самти ҷамоварӣ, паҳну пахши иттилоот ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи ҷамоварӣ ва паҳну пахши иттилоот нақши ВАО ва дигар воситаҳои паҳнкунанда аз қабили шабакаҳои иҷтимоии интернет дар замони мо хеле калон ва муҳим мебошад. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки бархе аз шаҳрвандони мо алалхусус аз хориҷи кишвар шабакаҳои иҷтимиоии интернетро ба як воситаи ба даст овардани даромад истифода намуда, байни мардум ҳар гуна гапҳои бофтаю дурӯғи беасосро паҳн мекунанд. Худро рӯзноманигору таҳлилгар ва ё ғамхори давлату миллат нишон медиҳанд. Дар ин масъала раиси паймони дуруғчиён Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш хеле фаъол мебошанд. Чашмони онҳо танҳо камбудиро мебинанд. Ягон дастоварди давлату миллатро на мебинанд ва на мешунаванд. Ҳол онки агар онҳо дар ҳақиқат «таҳлилгару ғамхори давлату миллат» бошанд, дар баробари баёни камбудиҳо дар баромаду мақолаҳои худ дастовардҳои давлатро баён намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат, балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пул дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст, ҳатман ҳисоботи хароҷот талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном «ғамхорони мардум», ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд, маълум, маълум ки пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва паст задани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ин қабил шахсон ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслакони ӯ масъалаи баррасишаванда аҳамият надорад, балки фоидаи аз он ба даст меовардаашон аҳамият дорад. Барои онҳо муҳим он аст, ки номи Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, халос. Зеро барои ҳамин онҳоро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон нигоҳ медоранд. То он даме, ки нақшаҳои хоҷагони худро ба итмом нарасонанд аз ниятҳои худ бар намегарданд. Ҳаргиз ин ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурӯябозони ватани худро медонанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоран, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроҳии хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд. Мирзоева Г-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-12-2020, 13:18:44 | Диданд: 281