МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ин ватан бо мост ободаш кунем

Ин  ватан бо мост ободаш кунем

Ин ватан бо мост ободаш кунем Дар ҷаҳони муосир ҷанги иттилооти хеле авҷ асту дар ҳар боб сару садоҳо баланд мешавад. Аслан кишвари Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ва дастболо шудан бо душманони дохилию берунааш дар охири солҳои 90- уми асри гузашта ҳадафи асосии ин муборизаҳои иттилооти қарор гирифтааст. Вале ҳамеша бояд ҳақиқатро гуфт. Тоҷикистон дар зарфи ин 30 соли истиқлолият, ки чанд соли он бо ҷанги шаҳрвандӣ рост меомад таҳти роҳбарии Пешвои худ ба он дастовардҳое ноил шуд, ки ҳеҷ кас нигаронаш набуд. Ҳамаи ин дастовардҳое, ки мо мебинем натиҷаи ваҳдати миллию якпорчагии кишвар ва фазои орому суботи кишвар мебошад. Мардуми бофарҳанги мо бо накӯӣ дарк намуд,ки ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидол ва тафриқаандозиҳо ба кас хурсандию хушбахтӣ наовардаасту намеорад. Ба ин маъни шоир М. Турсунзода хеле ба маврид гуфтааст. Сулҳ бошад бигзарад нон бе малол, Аз гулуи халқ дар ҳаргуна ҳол. Имрӯз мардуми шарифи мо ба ҳар гуна суханони иғвогарона гӯш надода ба тамоми ҳасти аз паи ободии рӯзгори хешанд, то ба ин васила дар ободию шукуфонии кишвар саҳми худро гузоранд. Мураккабшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ мо мардуми тоҷикро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар вақт дида ҳушёру зирак бошем ин ватанро бештару бештар дӯст дорем. Тураева Д. Мутахассиси шуъбаи маориф

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-01-2021, 14:08:47 | Диданд: 237