МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Рӯят сиёҳ бод хоини миллат

Рӯят сиёҳ бод хоини миллат

Рӯят сиёҳ бод хоини миллат Пешравию музаффариятҳои кишвари мо на ба ҳама писанд аст. Аз ҷумла, барои як қисми онҳое, ки солҳо дур аз Тоҷикистон қарор доранд, сулҳу субот ва оромии кишвар мисли устуғон дар гулӯ аст. Иқбол Садриддин аз зумраи чунин инсонҳои носипос мебошад. Номбурда то ҳол мавқеи худро иваз накардааст. Дар навиштаҳояш аз Ҳукумат ва Президент интиқод мекунад. Чашмаш пешравиҳои кишварро намебинад, танҳо ягона коре, ки метавонад, зери танқид қарор додани ин ё он шохаи ҳокимият ё роҳбарияти кишвар мебошад. Душман ҳамеша аз зери нохун чирк мекобад, зеро муктазои табиаташ хамин аст. Мутаассифона имрӯзҳо мебинем, ки чунин нафарони иғвоангез пайдо шудаанд ва мехоҳанд, ки арзиши қиматтарини моро бо номи сулҳу субот аз мо бирабоянд ва дар назди хоҷагони худ бори дигар ҳисобот диҳанд. Мардуми имрӯзаи мо дигар он гумроҳони 28 соли пешина нестанд. Дигар касе ба сафсатаҳои чунин «мунаққидон» ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин гӯш намекунад! Ба дасисабозону иғвоангезон гуфтаниам, ки ҳоло ба гӯши мардуми шарифи тоҷик чунин суханҳои подарҳаво намефорад, магарам шахсони дорандаи ақли кӯчаки мисли худашон. Аз ин рӯ, кӯшишу талошҳои беҳудаи шумоён ба гумроҳ кардани халқи тоҷик ягон натиҷа нахоҳад дод ва ба тараққиёту пешрафти кишвари азизамон таъсире нахоҳад гузошт.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-01-2021, 14:47:57 | Диданд: 235