МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ «ГУРӮҲИ 24»!

МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ «ГУРӮҲИ 24»!

МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ «ГУРӮҲИ 24»! Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-октябри соли 2014 ҳаракати мухолифи “гурӯҳи 24”-ро ифротгаро эълон карда фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Ҳаракати ҷамъиятию сиёсии дар Тоҷикистон мамнуъ, ки соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкори тоҷик ва мухолифи сиёсӣ Умаралӣ Қувватов, ки моҳи январи соли 2015 дар Истамбул кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро ба кибру ғурур оварда расонда аст, ки дур аз ватани азизамон дар пайравии бадхоҳон истода, чигуфтану чикор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо, ҳастии миллати мо сайу талош менамояд, ки бар ин Ватани биҳиштосори мо зарару хиёнати худашонро расонанд. Чунки бадхоҳон барои бадбини ва нооромии миллати мо сайю талош доранд вале ба мақсади худ намерасанд. Дар сатҳои гуногуни иҷтимоӣ гурўҳу ҳаракатҳои беманфиат ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гуна маълумотҳои беасос ва бардурӯғи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Аксарияти гуруҳҳои террористиву ифротӣ, махсусан ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзат, «Гурӯҳи 24» ва «Давлати исломӣ» зиёд намудани пайравони худро маҳз таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули шўстани мағз ба роҳ мондаанд. Пас мо ҷавонон бояд зираку доно бошему хабарҳои бардурӯғи хоинони миллатро бовар накарда аз тинҷиву аммонии кишвари азизамон назди Худованд шукргузор бошем. Мардуми шарифи тоҷик ва хосса ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоем, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузи ва шуҷоати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. “Беҳуда шоирони бузурги мо нагуфтаанд, ки бадхоҳии касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Мутахассиси шуъба Н. Неъмонова

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-01-2021, 13:26:40 | Диданд: 223