МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мардуми тоҷик хоинони миллатро мешиносанд.

Мардуми тоҷик хоинони миллатро мешиносанд.

Мардуми тоҷик хоинони миллатро мешиносанд. Инсоният дар ҳар давру замон, барои пешрафту тараққиёт, инкишофи ҷисмониву рӯҳонӣ ниёз ба сулҳу суббот ва осоиштагиву оромӣ дорад. Аммо ҳастанд хоиноне, ки ин сулҳу суббот ва оромиро дида ҳасад мебаранд. Вақте, ки калимаи хиёнатро мешунавем дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кина мегирад. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумлаи он нафароне ҳаст, ки пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиребдода аз ҳаёти осиштаашон маҳрум месозанд. Имрузҳо ин хиёнаткорон бо номи тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватан обод кардан сухан мегӯанд. Лекин дар қалбашон андешаҳои ғайриинсонӣ ва аҳриманӣ садо медиҳанд. Таърих исбот менамояд, ки дар ҳеҷ давру замон, ҷангу куштор роҳи ҳалли ягон масъаларо наёфтааст. Ягон силоҳбадаст ягон хоин ба мақсади худ нарасидааст, набояд ба ҳаргуна суханҳои дуруғ бовар кард, дар ин бора шоир Абдулқодири Бедил чунин гуфтааст: Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад, Пистаи бе мағз агар лаб во кунад, расво шавад. Мо мардуми шарафманди тоҷик зери осмони софу беолоиш дар фазои сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ рӯҳияи ободкориву созандагӣ зиндагонӣ мекунанд. Мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ин афроди ифротгарову терорист, ва ин хиёнаткоронро, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, носипосӣ карда нияташон халалдор кардани оромии кишвар буд ва ҳаст, нахоҳад бахшид. Сокини ноҳияи восеъ Алиев Ё.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-01-2021, 10:00:15 | Диданд: 234