МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ки будани М.Садриддинро мо донистем!

Ки будани М.Садриддинро мо донистем!

Ки будани М.Садриддинро мо донистем! Вақте ки дар телевизион филмеро бо номи “Бешарафи” тамошо кардам пай бурдам, ки дар ҳақиқат М.Садриддин як нафари қалоб, фиребгар мебошад. Ӯ, ки маълумот надорад ва дар интернет бар зиди ҳама дастовардҳои мо сухан мегуяд маълум шуд, ки шахсияташ ки будааст. Рахмат ба ҳамон нафаре, ки барномаро омода кардаасту руи навор гузоштааст. Ин разил М.Садриддин дар хориҷи кишвар истода ҳамарӯз сарзамини аждодии хешро танқид мекунанд. Худро нафари пуштибон ва хоксор вонамуд мекунад, аммо вақт худаш нишон дод ки ӯ ки будааст. Фиребгар, авбош ва туҳматчии бе ватан. Агар ӯ нафаре бошад, ки дилаш бар ватану миллат сӯзад чаро як кори хайреро ба ҷо наовардааст ба ғайр аз мардумфиребию қалобӣ. Чунин зумра одамон боз шарм надошта худро бегуноҳ ва пуштибон шумордани мешаванд. Дар ҳақиқат бешараф будааст М, Садриддин. Барои нором сохтани вазъияти тинҷиву амонии мо душманон танҳо аз дини мубини Ислом истифода мебаранду бо ин роҳ мехоҳанд ба оромиву субот ва ягонагии мо халал ворид созанд. Бубинед, ки ин нафар бо чеҳраи манфур, ки гап дар бораи ӯ меравад аз боварии мардум истифода бурда маблағҳои зиёди онҳоро рабуда ба манфиати хеш истифода бурдааст. Ҳатто устодонаш собит намуданд, ки ӯ дар мактаб саводи кофи надошт. Ба монанди М.Садриддин нафарони зиёд зери ниқоби Ислом ба боварии мардуми даромада аз онҳо маблағҳои калонро мегиранду дар кисаи худ ҷой мекунанд. Боз ҷиноят ва роҳҳои қалобиашон ошкор шавад ба хориҷи кишвар сафар карда дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид ва туҳматҳои беасос мекунанд. Агар талаботи қонунро риоя мекард ба мисли дигарон дар Ватани аждодии хеш зисту зиндагони мекард. Вақте, ки ба хориҷи кишвар сафар кардааст ва ҷояш дар онҷо хуб аст зиндагии мустақилонаашро давом диҳаду ба сиёсат ва оромиву суботи мо кордор нашавад. Ин истиқлолияти кишвар барои мо ба осони ба даст наомадааст. Ҳамаи ин ороми ва субот бо ҷонисории ҳазорҳо ҷавонмардон насиби мо гардидааст. Барои ҳимояи ин кишвар мо шаҳрвандон ӯҳадорем. Ва ба чунин нафаарон ба мисли М,Садриддин лаънат мегуем, ки евагӯи карда сарзамини моро танқид ва тӯҳмат мекунанд. С.Мирзоев сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-01-2021, 14:48:41 | Диданд: 224