МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ  ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Баъд аз шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутақид гардидем, ки фикру андешаҳо ва пешниҳоду эродҳои ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон сол то сол пурратару мукаммалтар саҳеҳтару ғамхорона садо медиҳад. Паёми имсоларо метавон чун як ҳуҷҷати роҳнамо ва сарнавиштсоз арзёби кард. Пас аз мутолиаи матни пурраи Паём бори дигар бовариамон комилтар гардид, ки Президенти кишварамон дар баробари соҳаҳои муҳими зиндагӣ ба соҳаи маориф тарбияи ватандӯсти ҷавонон ва равнақу ривоҷ додани соҳаи варзиш ҳамчун баланд бардоштани манзалати зан дар ҷомеа сол то сол бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда фикру андеша ва пешниҳодҳои арзишманду ҷолибро баён менамояд. Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои навбатии худ иброз менамояд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Мо аз ин паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хело ғизои маънави гирифта ба чунон хулоса омадем, ки мо ҷавонон ояндасози миллатем ва барои пешрафти ватани хеш ҳамеша саҳмгузор бошем. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-01-2021, 15:08:13 | Диданд: 178