МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сад ҳайф бар Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз худро инсон мешуморад.

Сад ҳайф бар Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз   худро инсон мешуморад.

Сад ҳайф бар Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз худро инсон мешуморад. Ба рости баъди тамошои филми ҳуҷҷатие, ки ба тариқи телевизиони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд мехостам каме ибрози андеша намоям. Ба рости дигар ҷойи ибрози андешаам нест, вале ғурури миллӣ нагузошт, ки хомуш монам, чун ки баъди тамошои ин филм танҳо метавонам бигуям, ки ҳайф бар чунин падару модари, ки чунин фарзанди бешарафро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин бадунё овардаю бозичаи дасти хоҷагони худ гардонидааст. Бисёр мехостам миллати ин бешараф тоҷик намешуд. Аммо нанговраш он аст, ки ин тоҷик аст. Аммо сад ҳайф бар чунин тоҷик садқаи номи тоҷик ба ту эй М. Садриддин ки дидаву дониста, ки худ бозичаи дасти хоҷагони худ ҳасти боз ба сӯи ин миллате, ки имрӯз ҷаҳон мешиносаду эътирофаш мекунад санг меандози бо кадом номуси мардӣ, ки ту ҳоло мард нестӣ. Миллати бо тамаддуну бо фарҳанги тоҷик баъди тамошоӣ филми ҳуҷҷатии «Бешараф» огоҳипайдо карда буд, ки саркардаҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки ҳазорҳо шаҳрвандони мо ба ҳалокат расиданд ин хоинонанду ба ҳаргуна ҷангдозиҳои онҳо бовар намекунанд. Аммо баъди тамошои ин қисми ин филми ҳуҷҷатӣ огоҳи пайдо намуданд, ки ин бешарафон ҳатто ба фарзандони худ раҳм надоштаанд. Пас агар ба фарзанди худ, ки раҳм надоштабошанд пас чихел ба миллату давлат раҳм доранд. М. Садриддини беномус низ яке аз он хоинонаст. Эй беномус акнун имрӯз ту ва ту баринҳо дар оғӯши саршор аз хуну халоби хоҷагони худ бошеду ангушти ҳасрат бигазед, ки миллати тоҷик имрӯз сарбаландасту Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Чунки имрӯз Тоҷикистони гулбадомон дар фазои сулҳу оромӣ ва ягдигарфаҳмӣ пеш рафтаву миллати шарафманд ва бонанги Тоҷикистон аз ин пешравиҳо истифода намудаву барои бозҳам ободу зебо гаштани ин биҳишти рӯи дунё кушишу талош мекунанд. Шодибеги Идӣ – мутахассиси бахши фарҳангӣ ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-01-2021, 13:53:44 | Диданд: 210