МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МУҲАМАДИҚБОЛ ДАР ЗИНДАГӢ РОҲГУМЗАДАЮ АСОЛАТБОХТА АСТ

МУҲАМАДИҚБОЛ ДАР ЗИНДАГӢ РОҲГУМЗАДАЮ АСОЛАТБОХТА АСТ

МУҲАМАДИҚБОЛ ДАР ЗИНДАГӢ РОҲГУМЗАДАЮ АСОЛАТБОХТА АСТ Ваҳдат, озодӣ, сулҳу истиқлолият яке аз неъматҳои беҳтарине мебошанд, ки халқу миллати тоҷик тӯли чандин солҳо бо талошҳои зиёд ба даст овардаанд, ки ҳоло чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳимоят мекунанд. Ҳарчанд душманони халқи тоҷик ба сулҳу дӯстии мо солҳои зиёд зарару осеб расонида бошанд ҳам, вале миллати бонангу ори тоҷик руҳафтода нашуда, тавонистааст бо ҷони худ, ақлу хирад ва бо фарҳанги куҳанбунёдаш ваҳдату истиқлолияташро нигоҳ дорад. Бояд қайд намоям, ки шарм ва нафрат дорам, ҳамчун як шаҳрванди тоҷик, ки ҳамватани ман хоини миллати ман аст, хоини давлати тинҷу осудаам, хуруфотпараст, Муҳамадиқболи Садриддин қаллоб, дузди моли мардум, бешарм, бешараф, бевиҷдону беинсоф, роҳгумзадаи лаъин, ки аз ояту ҳадисҳои китобҳои муқаддаси Ислом истифода карда, мардумро фирефтаи доми худ кардааст ва аз хуну пӯсти мардум хонаҳои боҳашамат сохта, ба манфиати худ истифода кардааст. Бешарафию беномусӣ то ҳанӯз ҳама вуҷуди чунин афроди палидро гирифтааст, ки шарм надошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик санги маломат зада, туҳмату буҳтонҳо мекунад. Амалҳои зишти ин гуна шахсон моро боз ҳам ҳушёр сохт то, ки мо аз шахсони атрофи худ ва аҳволи ҳамсояҳои худ бохабар бошему дастҷамъона нисбати чунин ашхоси бетарбия бетараф набошем. Мирзоева Г –мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-02-2021, 13:52:00 | Диданд: 225