МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН ШАРТИ ИМОНДОРИСТ

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН ШАРТИ ИМОНДОРИСТ

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастииям пайваста бо ту эй Ватанҷонам.

Ҳақ ба ҷониби бузургмардони илму адаби кишвар ва нобиғаҳои давру замон, ки ҳамеша насли ояндаи давронро ба ватандӯстиву рафоқат, ҳифзу ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ намуда, дар қалби онҳо муҳаббати ватандориро бедор намудаанд. 
Боиси ифтихор ва саодатмандист, ки бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони биҳиштосо ва муждагонии ваҳдати миллӣ мардуми кишвар дар симои Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимоятгари воқеии марзу бум ва ҳомиву пуштибони халқро дида, барои идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаву инсонмеҳварашон ҷаҳду талош намуда истодаем.
Маҳз меҳвари ҳамаи суханрониву ҳидоят ва андешарониҳои Пешвои муаззами миллатро андешаҳо ва нақшаву ниятҳои ватандӯстонаву муҳаббат ба Ватан ташкил дода, вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд, ки “шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост. Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад”.
Аз назари дини мубини ислом низ дӯст доштан ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҳамчун амалҳои шоиста ва рисолати имондории инсон маҳсуб меёабд. Дини мубини ислом инсониятро барои дӯст доштану ободонии Ватан ва холисона хидмат кардан ба ҷомеа, аз байн бурдани душманию нифоқ ва густариши дӯстиву ҳамгироии одамон мудом даъват мекунад. Худованд дар ояти 2-юми сураи «Моида» фармудааст: «Барои некбахтӣ ва тақвои Худованд ҳамкорӣ кунед ва дар роҳи гуноҳ ва душманӣ ҳамкорӣ макунед».
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар замони худ мардумро ба ватандӯстию ҳифзи он даъват намуда, дар ҳадиси шариф мегӯяд: «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорӣ аст».
Агар мушоҳида намоем, дини мубини ислом садоқат ба ба халқу Ватанро ҳамеша тараннум намуда, мардумро ба сӯи эҳтирому муҳаббат ба Ватан даъват менамояд. 
Маври зикр аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва талошу кӯшишҳои абарқудратон рисолати ҳифзу ҳимоятгарии Ватан бояд бештар боло бурда шавад ва Ватанро бояд беш аз ҳарвақта дӯст дорем. Зеро ҳар лаҳза душманони миллат таҳдиду хатарҳоро болои амнияту субот ва ваҳдати миллатҳо метавонанд равона кунанд. Аз қабили чунин террористон ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом аст, ки бо супориш ва дастгирии хоҷагони хориҷиаш ҳар лаҳза бо пеш овардани фитнаву тафриқаандозӣ кӯшиш намуда истодааст, ба андешаи ҷавонони мо таъсири манфӣ расонида, нерӯи онҳоро бар муқобили арзишҳои миллӣ равона созад. Ба ибораи Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Террорист-Ватан, миллат ва ҳатто дину мазҳаб надорад”. Ин аст, ки инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он кӯшиш ба харҷ дода, бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан мижа назада хидмат мекунад».
Тавре огаҳӣ дорем, имрӯзҳо дар пешорӯи мову Шумо маъракаи муҳим, яъне сафарбаркунии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарор дошта, ҳар яки моро водор месозад, ки дар ин маъракаи муҳим саҳми шоиста ва боризи хешро гузорем. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба як ниҳоди воқеии ҳимоятгари марзу буми кишвар табдил ёфта, ҷавонони далеру шуҷои Ватан дар ин ниҳод сарбаландона ба ҳимояи марзу буми сарзами саҳми шоиста гузошта истодаанд. Ба ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.”
Чун дар боло оид ба ҳимоя ва дӯст доштани Ватан ибрози назар намудем, дар баробари он боз зикр намуданӣ ҳастем, ки ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини ислом мавқеъ ва ҷойгоҳи хосе дошта, Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми Ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем. 
Фазилати хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан то ҳадде бузург аст, ки дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд: 
Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед! 
Муфассирон мегӯянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми Ватан омода бошед.
Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, Ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. 
Ба ҷавонони азиз муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: 
1. Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд)
2. Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол)
3. Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо Ватани худро аз душманон ҳизф мекунанд).
Аз ин рӯ, аз падару модарон, кулли ҳамватанон даъват ба амал меорем, ки барои ҳимояи марзу бум ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, тарбияи фарзандони солиму солеҳ – фарзандони синну соли даъватиро ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дилу нияти нек сафарбар намоем, зеро Ватани моро ғайри худи мо касе ҳимоя намекунад.

Қозиев Маҳмадюсуф,
имомхатиби масҷиби ҷомеи 
ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

 

 

Бознашр аз сомонаи Ориён

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-05-2018, 06:00:30 | Диданд: 981