МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

КАБИРӢ ДАР ВУҶУДАШ ХУНИ ТОҶИКӢ НАДОРАД

КАБИРӢ ДАР ВУҶУДАШ ХУНИ ТОҶИКӢ НАДОРАД

Таърих чандин маротиба тасдиқ намудааст, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳибмаърифат, бофарҳанг ва дорои тамаддуни қадим мебошад. Маҳз ҳамин неъматҳо имкон доданд, ки мардуми шарафманди тоҷик ба Ваҳдати миллӣ расад, баҳри созандагию ободкорӣ, таъмини зиндагии сазовор ҷаҳду талош намояд ва Тоҷикистони биҳиштосоро ба гӯшае аз биҳишти рӯи замин табдил диҳанд.
Аз азал агар ба таърихномаву корномаҳои фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик назар афканем маълум мегардад, ки дар ҳеҷ давру замон гузаштагони мо мисли аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба сари мардум зулму ситамро раво надидаанд. Аз ҷумла бархе аз коршиносон таҳлил намуданд, ки ваҳшонияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ваҳшонияти ташкилоти террористии “давлати исломӣ” афзунтар буда, дар бархе аз самтҳо наҳзат аз “ДИИШ” пешдасттар низ будааст. 
Дар замони ба ҳайси раиси ҳизби наҳзат интихоб гардидани Муҳиддин Кабирӣ бошад то ин дам кирдору рафтори он чунин намудор гардида, истодааст, ки нақшаву ниятҳои ӯ танҳо ба сарнагунии миллат ва барангехтани кинаву адовати милливу динӣ равона карда шудааст. Маҳз бо ҳамчун террористӣ-экстремистӣ эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломӣ боз ҳам Кабирии бешараф фаъолияташро вусъат бахшида бо ин роҳ мехоҳад ба кишвар хатар эҷод кунад.
Ҳазорон нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ходимони дин, сиёсатмадорон, ҷавонони касбу кори гуногун, рӯзноманигорон зарурият надоштани ҳизбе бо номи исломиро дар замони тезу тунд шудани авзои ҷомеа ва зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ исбот карда, борҳо ба Муҳиддин Кабирӣ ва наҳзатиҳо изҳор дошта буданд ва ҳоло ҳам изҳороти онҳо идома дорад. Аммо чун Муҳиддин Кабирӣ, ки аллакай манфиати ҳизби диниро дидаасту аз самараҳои муфти ӯ чашидааст, дигарбора намехоҳад домони наҳзатро раҳо кунад. 
Аз ин рӯ ҳар тоҷике, ки дар вуҷудаш хуни тоҷикӣ дорад ба наҳзат ва саркардагону аъзоён ва пайравонаш нафрат дорад. 
Аз ин бармеояд, ки бо вуҷуди огоҳонидан ва донистан аз асли гузаштаи пурифтихори миллат Муҳиддин Кабирӣ боз ҳам даст ба тахрибкориву хиёнаткорӣ зада, мехоҳад теша ба решаи миллат занад. Пас маълум мегардад, ки дар вуҷуди Кабирӣ заррае хуни тоҷикӣ ҷой надошта, ӯ ҳамчун бӯқаламун хунашро низ мутобиқ ба марзу бум ва супориши хоҷагонаш иваз кардааст, ки дар вуҷудаш заррае меҳри Ватан надорад.
Фарҳод Воҳидов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-05-2018, 06:02:55 | Диданд: 735