МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем.

Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем.

Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар суханронии худ дар минбарҳои гуногун аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии ин кишвари тозаистиқлол фаъолоно, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок намоянд, зеро имрӯзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукургузори намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арасаи ҷаҳони паст намоянд мо низ намегузорем ба ороми кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонае, ки Му[идин Кабири анҷом медиҳад дигар касе ба суханони пучу бемаънии у бовар намекунанд, чунки ҳақиқат руй об баромад акнун ки будант Кабири ба пурраги маълум гашт. Имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хубӣ дарк намудаанд, ки насиби мо гаштааст, ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ва ризоияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва нагузорем, ки нохалафе ин фазои ороми моро хароб кунад. Мо бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек пурмаҳсул меҳнат намуда, ҳамагонро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ даъват намоем. Душманони миллати моро ин дастовардҳо безобита намудааст ва онҳо тӯҳмату бӯҳтонҳои навро нисбати давлати мо бофта паҳн карда истодаанд. Ҳамин тавр бефаҳмиву бефаросатии худро ба мутолиакунандагони худ яъне мо ҷавонони кишвар нишон дода исбот мекунанд, ки онҳо ноқисулақланд. Сокини не[ияи Восеъ Ма[мадов Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2021, 14:28:23 | Диданд: 220