МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат ба қатори 10 давлати амнтарини ҷаҳон дохил мешавад, ки ин барои ҳамаи мо тоҷикон боиси ифтихору сарбаландист. Амнияти кишвар калиди ҳамаи пешравиҳои давлатҳои ҷаҳон мебошад. Аммо дар ҷаҳони муосир вазъи сиёсии ҷомеа торафт муташаниҷ мегардаду гурўҳҳои манфиатдор бо ҳар баҳона ин ё он давлатро ба майдони ҷангу тафриқаандозиҳо мекашанд. Бояд бигўем, ки аз муборизаю ҷангҳои иттилоотӣ мардуми шарифи мо низ дар канор нест, душмани хориҷии мо хешро дар ниқоби дўст нишон дода ба мою кишварамон буҳтонҳо мезананд ё худ гузашта аз ин гурўҳҳои ифротию терористӣ бо ҳар восита мехоҳанд ҷавонони моро бо гурўҳҳои худ шомил гардонанд. Мо тоҷикон дар бобои ҳиллаю найранг ва дасисабозиҳои ин гурўҳҳ хуб воқифему медонем, ки онҳо хизмати киҳоро сомон медиҳанд. Ҷанги шаҳрвании солҳои 90- ум, ки дар қаламрави кишварамон ба амал омада буд натиҷаи кори ҳамон гурўҳҳо мебошад. Дар ин марҳилаи пур аз печидагиҳои сиёсӣ мо тоҷиконро лозим меояд, ки беш аз ҳар вақта худогоҳу хештаншинос бошем ва нагузорем, ки мою мардуми моро бо баҳри амалишавии мақсадҳои нопоки худ истифода намоянд. Беҳтарин дастоварди мо дар замони истиқлолият ин сулҳу ваҳдат мебошад, ки мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Сулҳ бошад бигзарад нон бемалол, Аз гулўи халқ дар ҳар гуна ҳол. Ба ҳама мардуми олам сулҳу осоиш мехоҳем. Исоев Антон Нозир-Коргузори шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-04-2021, 13:48:00 | Диданд: 224