МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кабирии хоин…

Кабирии хоин…

Кабирии хоин… Муҳиддин Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро дар осудагиву амонӣ зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш ҳаргуна табрикоту изҳороташ мехоҳад вазъи оромро халалдор созад. Ҳизби ифротии наҳзат бо ҳамфикрони нопокаш солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, ҳаммиллатони моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм бошад, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд, ки ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омада бошанд ҳам, вале то ба ҳол чораҳои андешидашуда кофӣ нестанд. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯ, дар мисоли Кабирӣ дар оғози амалҳои ғаразноки худ сараввал арзишҳои фарҳангию-маънавиро (бештар ахлоқию диниро) коҳиш медиҳанд, фалаҷ мегардонад, сипас ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафратро тарғибу ташвиқ намуда, баъд ба амалҳои фаъоли хавфнок даст мезананд. Тарғибу ташвиқи ин гуна андешаронӣ, шомил кардани ҷавонони кишвар ба ҳаракатҳои экстремистӣ бештар бо воситаҳои ахбори умум аз хориҷи Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби дигар, воситаҳои ахбори давлатҳои ҳамсоя дар паҳн намудани чунин ақидаҳо дар канор нестанд. Аслан Симои аслии Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ошкор буд ва ошкор аст. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ҳизби ифротӣ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст. Мо ҷавонон набояд ба найрангу дассисаҳои ин хоин бовар кунем, чунки ҳадафу мақсади асосии ин палид иғво ангехтан, ноором кардани ҷомеа ва ба даст овардани ҳокимияти қонунӣ аст. Мирзоева Гулрухсор , мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-04-2021, 14:09:29 | Диданд: 263