МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОРУХ ИВАЗНОПАЗИР АСТ!

ВОРУХ ИВАЗНОПАЗИР АСТ!

ВОРУХ ИВАЗНОПАЗИР АСТ! Тайи чанд соли охир Ворух сари забонҳост ва он натанҳо мафҳуми номи як деҳа, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама маноиқи Тоҷикистон дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои миллат ба ҳама гаштааст. Ҷанде қабл аз ҷониби мақомдорони ҳамсоякишвари Қирғизистон вобаста ба ҳали масалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки деҳаи зебоманзар ва таърихии тоҷикон Ворухи Тоҷикистон бо қисме аз деҳаи Боткенти Қирғизистон иваз карда шавад. Бархе аз мансабдорони Қирғиз аз ҳади худ гузашта, мехоҳанд порае аз сарзамини аҷдодии моро ғазб кунанд. Мардуми ҳамсоякишвари моро мебояд, ки аз нуқтаи назари таърихи сухан карда, бедалел ба андешаи фитнакоронаашон даъвои марзхоҳи нанамоянд. Мо тоҷикон хоки ин сарзамини аҷдодиамонро ба ҳеҷ гунна дурру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибати дустонаро миёни ду давлат барҳам насозедзеро мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳанд. Мо ҷавонон ин пешниҳод ва андешаҳои бебунёди мақомдорони Қирғизро маҳкум намуда, изҳор медорем, ки хоки муқадаси Ворухи азизро натанҳо бо Боткент, балки ба тамоми қаламрави Қирғизистон иваз нахоҳем кард. Ин хостаи онҳо ғайриимкон аст ва мо тоҷикон ҳеҷгоҳ пораи Ватанро, ки ба пораи ҷон баробар аст, ба ҳеҷ дуру гавҳар нахоҳем дод. Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ.. А. Иброҳимов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-04-2021, 15:04:32 | Диданд: 200