МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муҳаммадиқболи Садриддин-хоини милату давлат.

Муҳаммадиқболи Садриддин-хоини милату давлат.

Муҳаммадиқболи Садриддин-хоини милату давлат. Имрӯзҳо ифроятгароёни халқи тоҷик садои шағол монанди худро аз манотиқи гуногуни ҷаҳон бароварда истодаанд. Ҳарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин ин бадбахтон аз берун зарорари хешро расониданианд. Яке аз ин хоинони миллати тоҷик М.Садриддин мебошад, ки аз дур истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ба масли мори афъи мечошад, аммо аз амалҳои макорронаи ӯ кулли мардум бохабар аст. Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Муҳаммадиқболро зимни пахши хабарҳояш дар сомонаҳои иҷтимои дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин зархандаи ҳамешагии чоплусона чи махлуқе пинҳон аст. Оне, ки ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Ватани азизамон ба вуқу пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чи гузаштае дошт? М. Садриддин фарзанди яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ С Қаландоров мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз ба ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қурғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуд мардум маҳз ба хотири рӯёнидани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи “гуреза” аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шудаанд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирди мувафақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст. Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин муболиғон бо вуҷуди доштани камбудию нуқсонҳои ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи С, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист. Ин руйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки мабалағи ночизи роҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонист шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо мардуми оддии кишвар чӣ аммали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти ногоштаҳои волост. Айни замон М.Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки М.Садриддин яке аз онҳост бо корбурди тамоми маҳорати тули солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андухтааш талошдорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳони ва мардуми Тоҷикистионро нисбат ба роҳбарият ва ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гуё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо сай карда, роҳи раҳҳоии роҳҳои кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пружа он аст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёл пардозиҳояшон аст, ки дар боло ба он ишора шуд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ёқубҷон Саъди.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-04-2021, 13:35:25 | Диданд: 269