МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИФРОТГАРОИИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ»

ИФРОТГАРОИИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ»

Давлати исломиро вориси гуруҳи «Танзим-ал-Ҷиҳод» ё шуъбаи ифродии Ал-қоида меноманд, ки онро Абӯмусаб ал Зарковӣ як ифродгарои зодаи Урдун соли 2004 ташкил дод. Давлати исломӣ бар зидди неруҳои хориҷӣ ва неруҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Арико меҷангид. Созмони мазкур то соли 2014 бо гуруҳи террористии Ал-қоида иртиботи наздик дошт вале соли 2014 аз он ҷудо шуд.

Ҳадафи аввалияи Давлати исломӣ таъсиси хилофат дар манотиқи сунинишинони Ироқ буд ва сипас бо неру гирифтанаш ин созмон эълон кард, ки мехоҳад хилофати бузурги исломӣ бисозад. Ҷомеашиносон бошанд, як омили аосии ташкили давлати исломиро дар мухолифатҳои мазҳабӣ мебинанд, ва мегӯянд, ки ин мухолифатҳо аз замони пайдоиши ислом вуҷуд дошт. Заинаҳои мазҳабгароӣ, салафигариву ваҳобӣ таърихан вуҷуд доштанд. Асосан ташкилкунандагони давлати исломӣ сунимазҳаб мебошанд ва намехоҳанд, ки дигар мазҳабҳо вуҷуд дошта бошанд. Гап сари  нафақат динҳо балки сари ҷараёнҳои дохилии ислом ҳам меравад, ки ин заминаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад. Қатлди садҳо ҳазор сарбозони шиамазҳаб, қатли ваҳшиёнаи мардум ва сар буридани хабарнигори Амрикоӣ Ҷеймс Оли, қатли кӯдаки шашсола дар моҳи шарифи рамазон барои рӯза надоштан ва қатли ҳазорҳо занҳои муъмин  ягон муштаракоте ба ислом надоранд. Давлати исломии Ироқу Шом маъруф ба ДИИШ то ҳанӯз чеҳраи асосии худрро накушодааст ва ҳеҷ коршиносе низ ба пуррагӣ дар мавриди он баҳогузорӣ накардааст. Тарафдорони давлати исломӣ тамоми арзишҳои муосири диниро зиддиисломӣ меноманд ва ҳар касе, ки мухолифи ақидаҳои ин созмон аст, кофир ва қатлашро ҷоиз мешуморанд. Яке аз сабабҳои забти ними давлати Ироқ аз тарафи Давлати исломӣ ин сиёсати нодурусти сарвазири шиамазҳаби Ироқ Нуралӣ-ал Моликӣ мебошад, ки баъд аз ба қудрат расидан сунимазҳабонро аз ҳукумат канора зад ва ҳуқуқи онҳоро нодида гирифт.

Бадбахтона, дар ин муноқиша ва даргириҳои мамолики шарқ, аз ҷумла дар сафҳои артиши ДИИШ ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик низ фаъолият мекунанд ва гӯё онҳо барои ислом ҷиҳод мекарда бошанд.  Айни замон зиёда аз 500 нафар чунин ҷавонон дар ин задухурдҳои бемаънӣ ширкат меварзанд, ки беш аз 150 нафари ин ҷавонон аллакай қурбон шудаанд ва онҳое, ки зану кӯдаконашонро бурдаанд, онҳо бесарпаноҳу хору зор гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки созмонҳои исломӣ, уламо, андешамандон даҳсолаҳо талош мекунанд, ки номи исломро аз террору экстремизм, хушунату ифрод ҷудо кунанд ва чеҳраи асосии исломро муаррифӣ кунанд, ки дар он ҳам муборизаи шаръӣ барои адолат ҳасту ҳам эътидолу сулҳ. Вале ин гуруҳи навбаромад дар як лаҳза бо амали нопокашон заҳмати аҳли хиради ислом, уммати пайғамбарамон Муҳаммад (сс)-ро ба нобудӣ мебаранд ва беҳтарин туҳфа ба душманони ислом мекунанд. Аммо ислом дар дилу маром ва виҷдону шарафи мо ҳамчун арзиш нуҳуфтааст ва мо онро азиз меедорем…

 

Таҳияи Муборакшо НАЗРИЕВ.

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1185