МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Коршинос: “Головной” дар Тоҷикистон ҷойгир аст

Коршинос: “Головной” дар Тоҷикистон ҷойгир аст

Иншооти «Головной», ки 28-29 апрели соли ҷорӣ сарчашмаи ихтилофи нав миёни қирғизҳову тоҷикон гардид, як навъ сарбанди дарёи Исфара буда, барои обтақсимкунӣ хизмат мекунад. Солҳои тўлонӣ танзими маҷрои об мутобиқи талаботи се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон сурат мегирифт. Шореҳи масоили сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов муътақид аст, ки иншоот монанди пештара бояд дар қаламрави тоҷикон бимонад, то ки тақсимоти одилонаи об миёни кишварҳои ҳамсоя, мисле ки то ин вақт буд, таъмин шавад.

 

Барои ҳифзи манфиатҳои кишвар ба по хеста, фарзандони шердили халқи мо аз шаҳраки Хоҷаи Аъло, низомиёни мо хун рехтанд. Баъзеи онҳо ҷони худро қурбон намуданд, бисёр касон захмӣ шуданд, ки миёни онҳо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ буд.

Дар ин ҷо канали қирғизии Торткўл аз дарё оғоз мегирад. Садди бетонӣ ва якчанд дарғот барои танзими маҷрои об мувофиқи талаботи се кишвар – Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон сохта шудаанд. Тоҷикистон ва Ўзбекистон аксаран аз худи дарё об мегиранд, Қирғизистон – тариқи канали худ, ки обро ба обанбори Торткўл равона мекунад. Аз ин обанбор дар баробари Қирғизистон заминҳои Тоҷикистон низ бо об таъмин мешаванд.

Ин кўли сунъӣ 90 млн кубометр ғунҷоиш дорад. Обанбор маъмулан тобистон, вақте об дар ҳавзаи дарё фаровон аст ва дар тирамоҳу зимистон, замоне ки дар поёнобҳо барои кишоварзӣ истифодаи об коҳиш меёбад, пур карда мешавад. Баъди пур шудани кўл боқимондаи обро тариқи обпарто ба ҳавзаи дарё бармегардонанд. Тўли тамоми замони истифодабарӣ аз обанбор боре набуд, ки он пур нашуда бошад. Хуллас, онҷо ҳеҷ гоҳ камбуди об рўй намедиҳад.

Лоиҳаи сохтмони канал ва обанбор «умумииттифоқӣ» буд ва обёрии заминҳои навро ҳам дар ҳудуди Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон пешбинӣ менамуд. Пул барои иҷрои лоиҳаҳои калонмиқёси дорои аҳамияти иттифоқӣ одатан аз хазинаи давлатии Шўравӣ ҷудо карда мешуд. Соли 1968, ҳангоме ки канал ҳанўз бунёд мешуд, мувофиқи лоиҳа Қирғизистон обгир – иншооти обии «Головной»-ро сохт. Аммо азбаски саршавии канали Торткўл аз қаламрави Тоҷикистон буд, иншоот низ дар қаламрави Тоҷикистон монд.

Бояд қайд намуд, ки канал дар дарозои худ чанд маротиба ҳудуди Тоҷикистонро бурида мегузарад. Азбаски ин дарёи сунъӣ марзгузар аст, ба манфиати ду кишвар хизмат мекард. Давлат ҳам ягона буд, аз ин сабаб дар истифода мушкиле пеш намеомад. Танҳо ба эътибор гирифтан лозим меомад, ки тартиби нави тақсимот ба заминҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон зарар нарасонад. Ин сабаб гардид, ки соли 1980 низоми нави обтақсимкунӣ таҳия шавад. Онро ҳарсе кишвар эътироф намуданд.

Вале бо ба даст овардани  истиқлолият мақомоти обии Қирғизистон фаромарзӣ будани канали Торткўлро фаромўш карданд. Онҳо даъвои соҳибӣ бар ҳудудеро низ пеш оварданд, ки онҷо нуқтаи обгирӣ воқеъ буд. Тартиби тақсими об низ дигар қонеашон намесохт, ҳарчанд онро Комиссияи байнидавлатии обӣ дар рафти вохўрӣ дар Алмаато соли 1992 аз нав тасдиқ карда буд. Тибқи мувофиқа, об ин хел тақсим мешуд:

Тоҷикистон– 55%;

Қирғизистон – 37%;

Ўзбекистон – 8%.

Эҳтимол, Қирғизистонро пеш аз ҳама ҷиҳате қонеъ намекунад, ки тартиби мавҷудаи обтақсимкунӣ қатъи обро ба канали Торткўл аз 1 апрел то 31 май пешбинӣ мекунад. Ду моҳ нуқтаҳои аҳолинишини соҳилҳои канал дар ҳаҷми барои обёрӣ кофӣ об намегиранд. Инҷо пеш аз ҳама айили қирғизии Коктош, айили навпайдои хурди Чек ва якчанд хоҷагии деҳқонӣ дар поёноби канал дар назаранд. Ҳарчанд тарафҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон, ки дар мавсими камобӣ оби дарёро ба пуррагӣ мегиранд,  дар як ҳафта як бор ба канали Торткўл об медиҳанд, то ки аҳолии қад-қади канал – ҳам қирғизон ва ҳам тоҷикон бе об намонанд.

 

Дарёи Исфара дар фасли тирамоҳ. Ҷамоати Чоркўҳ

Эҳтимол дорад, ки назари ҳамсояҳо ба ояндаи дуртар аз ин равона аст. Бо дарназардошти тағйироти иқлимӣ ва камшавии захираҳои об ҳукумати Қирғизистон назди худ ҳадаф гузоштааст, ки ҳар ҷое имкон бошад, манбаъҳои обро зери назорати худ гирад. Яқинан аллакай нақшаҳои махфие вуҷуд доранд, ки қабл аз ҳама ба дарёҳои Исфара, Сўх, Хоҷа Боқирғон алоқаманданд. Беҳуда нест, ки дар сатҳи ҳукумат пойгоҳи «Головной» ҳамчун иншооти дорои аҳамияти стратегӣ арзёбӣ шудааст. Аз ин рў, агар ҳамсояҳо ин қитъаро ба даст оранд, хавфи калоне вуҷуд дорад, ки дар оғози баҳор даҳҳо ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон бе об мемонанд, зеро ҳаҷми об дар ҳавзаи дарё дар моҳҳои апрел-май то сатҳи камтарин – 3-4 кубометр коҳиш меёбад. Аз ин кам ҳам мешавад. Оянда чӣ мешавад, пешгўӣ кардан душвор аст. Бинобар ин ба ихтиёри як ҷониб додани тақсими об хатарнок ба назар мерасад. Чун дар хотир бояд дошт, ки вақти низоъҳои соли 2020 ва пештар аз он чанд маротиба канали хокии тоҷикии Ҷўйи Калон (қирғизҳо онро Қайирма меноманд), ки тақрибан ба пуррагӣ хоҷагии истеҳсолӣ-кооперативии «Чоркўҳ» ва худи ҷамоати Чоркўҳро бо об таъмин мекунад, хушк карда шуда буд.

Аз инҷо хулосае бармеояд: ҳукумати мо, аъзои Комиссияи байналмилалӣ оид ба марзгузорӣ ва аломатгузории сарҳад ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ин қитъаҳоро ба дасти ҳамсояҳо диҳад. Ва ҳукумати Ўзбекистон ҳам набояд дар канор монад, зеро чор ноҳияи ин давлат қисман обро аз ҳавзаи дарёи Исфара мегиранд. Ва ҳамсояҳо гардондани оби дарёи Сўхро ҳам дар нақша доранд.

Қаблан, то ҷое медонам, дар иншооти «Головной» муҳандисон-мелиораторҳо аз се кишвар менишастанд, дар солҳои охир – танҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон, аммо бо омадани низомиёни қирғизистонӣ ҳамкориҳои сохторҳои обии ду кишвар ба душворӣ печиданд, ба амнияти мутахассисон таҳдид ба миён омад ва онҳо дар ин шароит, аз сабаби ҳузури низомиёни қирғиз на ҳама вақт ҷуръат мекунанд вазифаҳои худро ба пуррагӣ адо намоянд.

Имрўз «Головной» яке аз қитъаҳои баҳсӣ мебошад. Қирғизистон ба сифати далели асосӣ аз ҷониби ҶШС Қирғизистон сохта шудани онро дар соли 1968 пеш меорад. Тоҷикистон мегўяд, иншоот дар қаламрави тоҷикон воқеъ аст. Комиссияи байналмилалӣ бояд мақоми ин қитъа ва иншоотро муайян намояд, ҳар гуна тағйироти принсипи тақсими обро бо Ўзбекистон ба мувофиқа расонад. Ба ҷониби қирғиз он усули ҳалли масъаларо пешниҳод намудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон ва Ўзбекистон ҳангоми муқаррар кардани мақоми НБО Фарҳод ба кор бурданд. Вале бо каме тағйирот: замин аз Тоҷикистон, иншоот аз Қирғизистон, идоракунӣ – сетарафа. Мансуб ба Тоҷикистон дониста шудани қитъа хеле муҳим аст, чун дар ин ҳолат ҳар кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Қирғизистон, аз ҳуқуқи дохил намудани низомиёни худ ба он маҳрум мегардад. Ин ҳамчунин аз он дидгоҳ муҳим аст, ки ба ихтилофҳо дар яке аз минтақаҳои баҳсии марз хотима мегузорад.

Мехостам таваҷҷуҳи аъзои Комиссияи байниҳукуматиро ба он ҷалб созам, ки ҳар қарори дигар, ки ҳузури низомиёни кишвари ҳамсояро дар ин қитъа ва супоридани функсияи идоракуниро ба ҳамсояҳо пешбинӣ мекунад, метавонад моро ба оқибатҳои фалокатбор барои аҳолии навоҳии Исфара ва Конибодом, инчунин барои экологияи қисмати калони водии Фарғона дучор кунад.

Неъматулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-05-2021, 08:24:28 | Диданд: 355