МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ворух сарзамини аҷдоди мо тоҷикон аст! Сокинони ноҳияи Восеъ аз вазияти руҳдода дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон огоҳ гашта, амалҳои ноҷавонмардонаи қирғизҳоро маҳкум менамоянд. Чунин вазъият бори дигар собит намуд, ки сокинони тамоми минтақаҳои

Ворух сарзамини аҷдоди мо тоҷикон аст!  Сокинони ноҳияи Восеъ аз вазияти руҳдода дар сарҳади Тоҷикистон  ва Қирғизистон  огоҳ гашта, амалҳои ноҷавонмардонаи қирғизҳоро маҳкум менамоянд.  Чунин вазъият бори дигар собит намуд, ки сокинони тамоми минтақаҳои

ВОРУХ НИСФИ ҶОНИ МОСТ ИМРЎЗ! Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат бо ҳам муттаҳид гардидааст. Ҷанде қабл аз ҷониби мақомдорони ҳамсоякишвари шимолии мо Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба ҳали ҳаммаи масалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки порчае қисмат аз xони мо деҳаи зебоманзар ва таърихии тоҷикон Ворух бо қисме аз деҳаи Боткенти Қирғизистон иваз карда шавад. Вале бархе аз мансабдорони қирғиз аз ҳади худ гузашта, мехоҳанд порае аз сарзамини аҷдодии моро ғазб намуда ҳукмронии онxоро дошта бошанд. Мардуми ҳамсоякишвари моро мебояд, ки аз нуқтаи назари таърихи сухан карда, бедалел ба андешаи фитнакоронаашон даъвои марзхоҳи нанамоянд. Дар xавоб «Мо тоҷикон хоки ин сарзамини аҷдодиамонро ба ҳеҷ гунна дурру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибати дустонаро миёни ду давлат барҳам насозед» зеро мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳанд. Мо зиёиёни кишвар ин пешниҳод ва андешаҳои бебунёди мақомдорони Қирғизро маҳкум намуда, изҳор медорем, ки хоки муқадаси Ворухи азизро натанҳо бо Боткент, балки ба тамоми қаламрави Қирғизистон иваз нахоҳем кард. Ин хостаи онҳо ғайриимкон буда, ҳеҷгоҳ пораи Ватанро, ки ба пораи ҷон баробар аст, ба ҳеҷ дуру гавҳар нахоҳем дод. Сармутахассиси шуъбаи морифи ноҳияи Восеъ Р.Солиҳов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-05-2021, 13:54:32 | Диданд: 451