МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем душманони худро иҷозат намедиҳем, ки ватани моро танқид намоян.

Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем душманони худро иҷозат намедиҳем, ки ватани моро танқид намоян.

Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем душманони худро иҷозат намедиҳем, ки ватани моро танқид намоян. Шахсан ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шод аз онам, ки ин сарзамини мардуми мо ҳамарӯз ободу зебо гашта истодааст. М.Садриддин ва дигар думравонаш ҳазор ёвагӯӣ кунанд назди хоҷагонашон худашонро вонамуд карданианд назди мо бошад душман ва аҳриман ҳастанд. Суханони он хоинони миллат ба касе таъсир бахш нест ба ҷуз худашон ва хоҷагонашон. Мо насли даврони соҳибистиқлол кишвари худро ҳимоя мекунему муқадасоташро ҳифз ва пос медорем. Ҳарки бо душмании халқ равонаст чу баҳр Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад. Душманони мардуми мо дар ҳама давру замон буданд аммо мо ба онҳо диққат намедиҳему кори созандагии худро идома медиҳем. Тоҷикистони азиз дар тулии ҳазорсолаҳо фарзандони бо нангу номусро ба воя расонидаас ва донистани онҳо пайрави намудан ба онҳо моро дигар ягон хоин наметавонад бар суи худ фирефта намояд. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст . Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад ва обурӯву эътибори абармарди бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони пазируфта шудааст. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки хиёнаткорон ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Банда аминам, ки миллат ин хиёнат ва душмании ин нохалафро нахоҳад бахшид, зеро он хиёнате, ки аз тарафи ин наҳзатиён солҳои 90-ум анҷом дода буданд, он даҳшате ки бар сари миллат оварда буданд, то ҳол аз хотираҳо нарафтааст ва зангори кулфатҳои он рӯзҳо аз дили мардум шуста нагардидааст. Ҳарчанд имрӯз ин хоинони миллати тоҷик дар Аврупо қарор гирифтаанду худро дар амн меҳисобанд, аммо иштибоҳе беш нест. Онон ҳатман барои кирдорҳои хеш ҷавоб хоҳанд дод. Сокини ноҳияи Восеъ Ализода Ё. С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-06-2021, 14:48:37 | Диданд: 179